Ба «Локомотив»-и Тошканд аз Португалия мураббӣ таъин шуд

Майкл Секейра, ки ба ҳайси ёвари мураббӣ дар ҷамоаи «Брага» кор мекард, бо «Локомотив»-и Тошканд шартномаи дусола баст. Мутахассисе, ки соли 2011 литсензияи UEFA Pro-ро ба даст овардааст, сармураббии ПФК «Локомотив» хоҳад буд. Дар ин бора сомонаи Championat.asia хабар медиҳад.

Ин марди 47-сола солҳои 2006-2008 мураббии «Брага» буд. Вай инчунин ба ҳайси менеҷери генералии ҳамин даста дар мавсими 2010/2011 хидмат кардааст.

Мураббии Португалия сармураббии дастаи U-21 дар клуби Арабистони Саудӣ «Ал Наср» дар мавсими 2018-2019 буд ва инчунин ба ҳайси ёвари мураббии Руи Витория дар ҳайати ёварӣ кор мекард.

Соле, ки Майкл Секейра менеҷери генералии «Брага» буд, даста дар финали Лигаи Аврупо бозӣ мекард. Дар карераи Осиё ӯ бо «Ал Наср» ва инчунин тими U-21 қаҳрамони Арабистони Саудӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ