Вазир дар маҳаллаҳо вохӯрӣ гузаронд

Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев дар Муроҷиатнома ба Олий Маҷлис дуруст таъкид карданд, ки “Натиҷаҳои ислоҳоти мо, тағйироти ба вуқӯъ омадаистода ва кайфияти аҳолӣ пеш аз ҳама дар маҳалла падидор мегардад. Аз ин нуқтаи назар, фикр мекунам, гуфтан дуруст аст, ки маҳалла оинаи ҷомеа ва суннатҳои ҳаётии мо ба шумор меравад. Барои ҳамин ҳам роҳбарони тамоми дараҷаҳо бояд мушкилотро, тавре ки мегӯянд, аз поён, дар маҳаллаҳо омӯзанд, роҳҳои ҳаллу фасли онҳоро пайдо кунанд, тағйиротеро ҷорӣ намоянд, ки мардум онро дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ эҳсос намоянд. Минбаъд ҳолати кор дар маҳаллаҳо ҳангоми баҳодиҳӣ ба кори вазоратҳо, идораҳо ва ҳокимиятҳо маҳаки асосӣ хоҳад буд”.
Бо мақсади дар амал иҷро кардани ин пешниҳодҳо ва аз наздик ошно гардидан бо корҳое, ки дар асоси вазифаҳои усутвори Муроҷиатнома дар ҳудудҳо татбиқшаванда, вазири дастгирии маҳалла ва оила Раҳмат Маматов ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Маданий юриш”-и ноҳияи Пастдарғам омад.
Дар доираи вохӯрӣ бо фаъолони маҳалла доир ба рушди иқтисодии маҳалла, муайян кардани нуқтаҳои инкишоф, беҳсозии шароити рӯзгори мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дар асоси “маҳаллабайъ” ташкил намудани кор ба масъулон супоришоти амиқ дод.
Инчунин, бо корҳо бобати пешниҳоди ёрии амалӣ ба зану духатрон ва ҷавононе, ки дар “Дафтари занон” ва “Дафтари ҷавонон” дохил карда шудаанд, аз наздик шинос шуд.
Аз ҷумла, ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Пахтакор”-и ноҳия рафта, бо истиқоматкунандагон вохӯрд. Бояд гуфт, ки дар ҳудуди маҳалла барои зан ва духтароне, ки вазъияти душвори иҷтимоӣ доранд, тарбиягирандагони “Хонаҳои меҳрубонӣ”, инчунин, дигар вакилони эҳтиёҷманди аҳолӣ 44 хонадон бунёд гардидааст. Р.Маматов бо шароити зисти онҳо низ ошно гардид.
– Се сол ин ҷониб дар “SOS-маҳаллаҳои бачагони Ӯзбекистон” зиндагӣ мекардам, — гуфт Мафтуна Абдуғаниева. – Солҳои охир дар мамлакат эътибор ба қишри ниёзманди аҳолӣ, бахусус ба зану духтарон ва ҷавонон афзуд. Мо низ аз ин ғамхориву эътибори ҳукумати кишвар дар канор намондем. Соҳиби хонаву ҷой гардидем. Ҳоло ҳамроҳи 2 нафар хоҳар ва 1 нафар додарам дар хонаҳои нав хушу хурсанд зиндагӣ мекунем.
Дар доираи ташриф вазир Р.Маматов дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Боғбон”-и ноҳияи Иштихон бо аҳли маҳалла вохӯрда, ба масъулон доир ба такмилдиҳии фаъолияти соҳа, ҳалли босамари муроҷиати шаҳрвандон, ҳалли сохтори мушкилиҳои мардум вазифаҳо дод.
Хизмати матбуоти Садорати дастгирии маҳалла ва оила.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ