Олимон: бӯйи райҳон ва пудина низ метавонанд вирусро нест кунад

Олимони Эрон, Италия, Босния ва Гертсеговина муайян кардаанд, ки фитотерапия, яъне муолиҷа бо растаниҳои давоӣ барои муолиҷаи бемории коронавируси намуди COVID-19 кумак мерасонад.
Тибқи таҳлилҳои ин олимон, махсусан шираи пӯсти анор бар зидди ин вирус хеле натиҷабахш мебошад. Моддаҳое, ки дар таркиби пӯсти анор мавҷуданд, ҳуҷайраҳои бадани инсонро метавонанд аз дохилшавии вируси зуком муҳофизат намоянд.
Вобаста ба қобилияти зиддивирусии шираи пӯсти анор табиби гиёҳдармонӣ, доктори илми тиб Муллозуҳур Тоҳирӣ иброз медорад, ки таъсири шираи пӯсти анор бар зидди вирусҳо хеле самаранок мебошад. Пӯсти анор дар баробари хусусияти зиддивирусӣ доштан, инчунин дарунравӣ ва хунравиро боздошта, ба чандин бемориҳои дигар даво мебахшад. Истеъмоли анор барои баланд бардоштани иммунитет манфиатовар мебошад.
“Вале бояд гуфт, ки дар ҳолати гирифторӣ ба бемории COVID-19 хун ғафс мешавад, ки дар ин вақт истеъмоли шарбати пӯсти анор мумкин нест. Зеро шарбати пӯсти анор хунро ғафс мекунад”,-мегӯяд табиби гиёҳдармонӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.
Бояд гуфт, ки шарбати анор ва чойи сабз низ таъсири хеле баланди зиддивирусӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд — онҳо метавонанд то 80 фоизи коронавирусро нобуд кунанд. Ин шарбат ва чой муҳити туршро ба вуҷуд меоранд ва дорои полифенолҳои растанӣ мебошанд, ки дар онҳо вирус наметавонад зинда монад.
Ба зикри Муллозуҳур Тоҳирӣ, бӯйи райҳон ва пудина низ метавонанд вирусро нест кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ