НАЗМ ВА НАВО Намунаҳо аз ғазалҳои тоҷикии Навоӣ

  1. Ҳаваси мо

Эй хоки сари кӯи ту гаштан ҳаваси мо,
Бар пои сагат бӯса задан мултамаси мо.
Гар дам задани мо бувад аз меҳри ту чун субҳ,
Сад шом сияҳрӯз шавад аз нафаси мо.
Дар бодияи шавқи ту чун роҳила бандем,
Зикри малак ояд зи фиғони ҷараси мо.
Бо неши ғаму ҷисми заиф оҳ барорем,
Сӯят магар ин бод барад хору хаси мо.
Бечорагии мо ҳаваси чорагарон шуд,
То ту шудӣ аз лутфу карам чорараси мо.
Ҳар кас, ки зи афтодагӣ орад ба касе рӯй,
Мо рӯ ба кӣ орем, туӣ чунки каси мо?!
Фонисифатам, рӯҳ кунад сӯи ту парвоз,
Эй, аз шакаристони ту қути магаси мо.

2.Татаббӯъи шайх Саъдӣ

Эй, ба гулистон ҳазор наргиси шаҳло,
Дар гилу гулзори оразат ба тамошо.
Лолаву гул аз таҷаллии ту ба хубӣ,
Қумрию булбул зи шавқи ту ба алоло.
Дар рухи рӯз аз рухи ту бориқаи меҳр,
Дар дили шаб аз ғами ту мояи савдо.
Ошиқи бедил зи шавқи рӯи ту Маҷнун ,
Карда баҳона, вале муҳаббати Лайло.
Орази Юсуф намуда ламъаи рӯят,
3-ӯ шуда машъуфу зори ишқ Зулайхо.
Гоҳ дар оини ошиқӣ шуда зоҳир,
Ҳам шуда бар ҳусни хеш волаву шайдо.
Гоҳ ба маъшуқ шеваги-т тасаҳҳуб,
Ҳам ба худ аз ноз карда ғорату яғмо.
Ошиқу маъшуқу ишқ ҷумла худӣ, бас,
Ҳар нафас аз як либос гашта ҳувайдо.
Дар ду ҷаҳон ошиқи ту гашт чу Фонӣ,
Соз фано ҳам ба ишқи хештан ӯро.

  1. Наът

Зиҳӣ, бинишонда оби абри раҳмат гарди роҳатро,
Малоик рӯфта аз болу пари худ такягоҳатро.
Ба соле гар шаби қадрест, дар як маҳ ду шоми қадр,
Бувад аз гесувони анбарин рӯи чу моҳатро.
Туӣ бе соя, лекин оламе дар офтоби ҳашр,
Панаҳ созанд ҳар сӯ сояи олампаноҳатро.
Задй чун боргоҳи қурби худ, бар Арши Аъзам шуд ,
Фалак як тугмаи фирӯза шодурвони чоҳатро.
Сипоҳи фатҳу нусрат чун кашидӣ, ҳар тараф бурданд,
Зи баҳри тӯтиёи равшан он гарди сипоҳатро.
Аз он дидори Ҳақ дидӣ, ки ҳам нури илоҳӣ кард ,
Мунир аз сурмаи мозоғ чашмони сиёҳатро.
Чу ҳар сӯ чашми раҳмат афканӣ, аз гӯшаи чашме ,
Ба Фонӣ бин, ки ӯ ҳам чашм дорад як нигоҳатро.

  1. Татаббӯъи Хоҷа

Румузул-ишқ конат мушкилан бил-каъс ҳаллилҳо,
Ки он ёқути маҳлулат намояд ҳалли мушкилҳо.
Сӯи дайри муғон бихром, то бинӣ дусад маҳфил,
Саросар з-офтоби май фурӯзон шамъи маҳфилҳо.
Дилу май ҳар ду равшан шуд, намедонам ,ки тоби май,
Зад оташҳо ба дил, ё тоби май шуд з-оташи дилҳо.
Ба мақсад гарчи раҳ дур аст, агар оташ расад аз ишқ,
Чу барқ осон тавон кардан ба гоме қатъи манзилҳо.
Ману беҳосилӣ, к-аз илму зуҳдам, он чи шуд ҳосил,
Якояк дар сари маъшуқу май шуд ҷумла ҳосилҳо.
Бувад чун бар асири ноқаи Лайлӣ, ки дар водӣ ,
Фиғон аз чоки дил Маҷнун кашад, не занги маҳмилҳо.
Чу дар дашти фано манзил кунӣ як рӯз, эй Фонӣ,
Зи ман он ҷонфизо атлолро фасҷуд ва қаббилҳо.

  1. Татабӯъи Мир

Гар парда андозад маҳам он рӯи оташнокро,
Сӯзам ба оҳи оташин нуҳ пардаи афлокро.
Хоҳӣ чу қатл, эй каҷкулаҳ, ҳоҷат ба теғат нест, ваҳ,
Ин бас, ки бишкастӣ ба таҳ тарфи кулоҳи чокро.
Афтад ба мардум сад хатар, гӯяд малоик алҳазар,
Ҳар сӯ, ки созӣ ҷилвагар, он қомати чолокро.
Бо ҳар кас, эй симинбадан, манмой рӯи хештан,
Бояд чу чашми поки ман з-он сон ҷамоли покро.
Соқӣ, зи бедоди ҷаҳон сад ғам ба дил дорам ниҳон,
Ҷоме бидору вораҳон з-онҳо мани ғамнокро.
Бояд ки мастӣ фан кунӣ, кӯи фано маскан кунӣ,
Гар боядат равшан кунӣ оинаи идрокро.
Фонӣ, дар ин дайри алам чун муҳликат шуд заҳри ғам,
Ҷӯ муршиди ҷонбахшдам,з-ӯ нӯш кун тарёкро.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ