Расонаҳои Италия: “Ювентус” мехоҳад Шомуродовро ба таркиби худ ҳамроҳ кунад


Ҳунарнамои Элдор Шомуродов дар таркиби ҷамоаи “Женоа” роҳбарони “Ювентус”-ро беэътибор нагузошт.
Бино ба хабарҳое, ки расонаҳои Италия мунташир мекунанд, “Ювентус” мехоҳад Шомуродовро ба таркиби худ ҳамроҳ кунад. “Ювентус” ба ҳуҷумгар Алваро Мората ҷонишини муносиб ҷустуҷӯ мекунад ва Элдор яке аз номзадҳои асосӣ аст.
Гуфта мешавад, ки “Ювентус” дар даври пандемия бо мушкили молиявӣ рӯбарӯ шудааст ва ба ин далел наметавонад трансфери комили Шомуродовро анҷом диҳад. Аммо ҷамоа метавонад бар асоси иҷора ба “хидмат”-и Шомуродов рӯ оварад.
Ёдовар мешавем, Алваро Мората, ҳуҷумгари испани “Ювентус” дар поёни соли 2020 захмӣ шуд ва натавонист дар чанд бозӣ ба ҷамоаи худ ёрӣ диҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ