«Овози Самарқанд» диҳад умри дарозам

Мислаш ба ҷаҳон неъмати арзанда надорам,
Бе меҳри баландаш ба рухам ханда надорам.
«Овози Самарқанд» диҳад умри дарозам,
Бе ҳастии вай ман ҳеҷ оянда надорам.

Оре, ҳақ бар ҷониби устод Салим Кенҷа. Ҳаёти ҳаррӯзаи худро ман ҳам бе рӯзномаи «Овози Самарқанд» тасаввур карда наметавонам. «Овози Самарқанд» боиси рӯйсурхии мо. «Овози Самарқанд» неъматест, ки арзиши баланд дорад.
Он ифтихори мо аст.
Ман ҳам бе вай ҳаёти хешро тасаввур карда наметавонам! Бовариам намеояд, ки аллакай 30 сол сипарӣ шудааст ва аз 3000 зиёдтар шумора то имрӯз дастраси хонандагон гаштааст.
Ин санаҳои таърихиро аҳли рӯзнома бо мухлисони зиёди худ хело бо тантана ва хотирмон ҷашн гирифтаанд.
Бахшида ба ин сана китобҳои пурарзиш чун «30 гуфтор аз 30 тор», «30 номаи рӯзнома» ва «Овози Самарқанд: дирӯз ва имрӯз»-ро чоп карданд, ки ин кор басо заҳматталаб буд ва он оинаи дирӯз ва имрӯзаи рӯзнома ва аҳли қаламро равшан мекунад.
Ҳазорҳо ташаккур ба аҳли рӯзнома ва сардабири он Баҳодур Раҳмонов, ки маро фаромӯш накарданд. Дар се китоб ҳам ному насаб ва хизматҳои камтаронаи худро дида, ифтихор кардам. Меҳрам ба рӯзнома ва аҳли адаб боз ҳам баланд шуд.
Дар китоби «30 номаи рӯзнома» мақолаи таърихии камина «Тантанаи ҳақиқат», ки ба яке аз қурбониёни қатағон Абдулқаюми Қурбӣ, ки соли 1991 навишта будам, чоп кардаанд.
Адибаи ҷавони умедбахш Фарзона қатори дигар устодонаш маро ҳам ном гирифтааст ва ҳатто дар шумораи идонаи рӯзномаи «Субҳи Гулобод» («Гулобод тонги») низ хотираҳои шавқовари худро ба қалам додааст.
Ин сипосгузориҳо маро басо рӯҳбаланд намуд.
… Ин рӯзҳои таърихиро шодравон Ҳусейн Рашидӣ ҳам хеле интизорӣ мекашиданд. Орзу доштанд, ки дар ин ҷашнҳо иштирок карда, шеърхонӣ кунанд.
Ҳангоми ба хонаашон бурдани ҳар шумораи тару тоза пири қариб 90-сола асозанон рақс мекарданд ва шеъри худашон навиштаро зам-­зама менамуданд:
Номи «Овози Самарқандам» ширин,
Байтҳо дар васфи он бандам ширин.
Мерасад пайки ҳунар форам ба гӯш,
Рӯзи тӯяш рақсаму хандам ширин.
Мекунӣ ҳарфам бурун аз қаъри дил,
Мешавам хурсанду дур аз заҳри дил…

Пири хирад, ки хотираи қавӣ доштанд, ин шеъри 24 сат­раро аз ёд хонда, бо мисраъҳои зерин ҷамъбаст мекарданд:
Дар дами пирӣ, Рашидӣ аз ту шод,
Зарварақҳои ту айни муддао.

Устод то бурдани шумораи тоза аз гулӯяшон об ҳам нагузашта, маро интизорӣ мекашиданд. Гоҳо поси шаб ҳам занг зада, мепурсиданд: Дар «овоз» чӣ гапҳо? Чӣ хабарҳои хуш…
Абдукарим Ғанизодаи 84-сола маро дар назди дарвозаашон истиқбол гирифта, баробари ба даст гирифтани ҳар шумора ба лабонашон табассум ҳувайдо мегашт ва бо оҳанги дилнишин шеъри ба «Овоз» бахшидаи худро мехонданд:
Ту ҳастӣ рӯз чун шамсу шабона ҳамчу маҳтобӣ,
Барои бахту тахти халқи мо ҳаргиз намехобӣ.
Бихоҳам, ки ба дунё доимо нашъу номо ёбӣ,
Зи ту меболаму менозам «Овози Самарқанд»-ам.
Хуш овози ту ҳаст овозам «Овози Самарқанд»-ам.

Овозашон хеле ҷозибанок буд. Охир он кас яке аз аввалин нотиқони шӯъбаи тоҷикии радиои Самарқанд буданд.
Вақтҳои охир саломатии профессор Санъат Муҳаммадиев хуб набуд. Аз хона берун намебаромаданд. Лек бо рӯзнома мунтазам ҳамкорӣ мекарданд.
Вақте занг мезаданд, ман дастхатҳои он касро ба рӯзнома мерасондам. Ё ҳамроҳ аз кӯча таксӣ дошта, ба ҷойҳои зарурӣ, яъне барои ҳамдардиву таъзияҳо мерафтем.
Синни он кас ҳам ба 80 расида буд ва рӯзнома барояшон гӯё қувват мебахшид.
Аз чоп гардидани ҳар маводашон он қадар хурсанд мешуданд ки…
Сад афсӯс, ки имрӯз дилбастагони рӯзнома Ҳусейн Рашидӣ, Абдукарим Ғанизода ва Санъат Муҳаммадиев дар байни мо нестанд. Вақтҳои охир шеърхонӣ ва сӯҳбатҳои самимии онҳоро хеле пазмон мешавам. Ҷойи онҳоро холӣ мебинам… Сад афсӯс, онҳо шахсони нотакрор буданд… Вақти холии худро бо варақзании шумораҳои гузашта, хотираҳо ва мутолиаи китобҳо мегузаронам. Ба баъзе қайдҳои солҳои гузашта чашмам меафтад. Ман онҳоро мехонам…
«Моҳонаи моҳҳои охир моҳе 7–9 ҳазор бо ҳаққи қалам мегирам. Нарху наво имрӯз чунин аст: як кило гӯшт 900–1000 сӯм, биринҷ 160–200, картошка 100–140, сабзӣ 150–200 сӯм, нони бозорӣ 100 (қолаби 20 сӯм), роҳкиро 50 сӯм… Рӯзгузаронӣ андак душвор. Гуфтанд, ки моҳонаи моҳи июл зиёд мешавад. Яъне, бояд ки ин моҳ 17 ҳазор маош гирам. Санаи 11-уми июли соли 1993».
Боз дигар қайдҳо…
Ҳар як шумораи гузашта ва имрӯза барои ман қадр дорад. Чунки мо аҳли қалам Нор Остонзода, Хурсанд Ҷумъазода, Бахтиёри Ҷумъа, Акбар Пирӯзӣ, Раҳматилло Шарифзода, Тоҳир Фаттоҳзода, Тошқул Азимзода, Шавкати Баҳром, Зиё Носир, Ҳазрат Сабоҳӣ, Гулчеҳра Ҳалимова, Шоиста Аббосова ва боз чанд нафар ходимон дар шароити вазнини солҳои 90-ум меҳнат мекардем. Лекин ҳеҷ кас наменолид. Агарчӣ баъзан моҳҳо маош намегирифтем…
Ман имрӯз ҳис кардам, ки рӯзнома ҳеҷ гоҳ кӯҳна намешавад. Балки бо гузашти вақт қиматаш меафзояд. Охир рӯзнома таърих аст. Таърихи шаҳри куҳан, таърихи халқи ман ва Ӯзбекистони азиз!
Чӣ шуду ҳангоми варақзанӣ ва мутолиа пиёлаи об ба рӯйи рӯзнома рехт. Рӯзнома тар шуд. Аз ин ҳолат кайфиятам ҳам хира гашт.
Набераҳои дугоники ман Фирӯзҷон ва Некрӯз ин ҳолатро дида, дилбардорӣ карданд:
– Бобоҷон имрӯз ҳаво гарм. Рӯзномаро ба офтоб монед, тез хушк мешавад.
«Маслиҳат»-и хурдтаракон писанд омад.
Рӯзномаро ба ҷойи офтобрӯя – дар рӯ ба рӯйи оташдон паҳн кардам. Он рӯз офтоби тирамоҳӣ ҳарорати баланд дошт. Чӣ шуду хотирам панд дод. Аз байн як-­ду рӯз гузашта, рӯзнома ба ёдам омад. Аз ҷой хеста шитобон назди оташдон рафтам. Рӯзнома дар ҷойи гузоштаам набуд. Бо ҳамсар ва набераҳо рӯйи ҳавлиро кофтем. Аз ҳеҷ ҷое наёфтем.
– Занак медонам, ту ҳеҷ гоҳ рӯзномаҳои маро нобуд накардӣ ё Умеда келин ҳангоми об гарм кардан ба оташдон партофт?
– Муллоамак, наход дидаву дониста ман рӯзномаро сӯзон­да бошам. Рӯйи ҳавлиро дурусттар дидан даркор.
Ҳама якҷоя рӯзномаро кофтем, наёфтем. Пас он куҷо рафт? Онро кӣ гирифт? Наход аз ман руст мекунанд ва кадоме аз онҳо рӯзномаро дар оташдон нобуд кардааст.
Аз гум шудани рӯзнома сахт афсӯс хӯрдам. Боз он рӯзнома таърихӣ буд. Дар он хушхабари соли 2018 соҳиби ҷоизаи байналмилали «Олтин қалам» (қалами тиллоӣ гардидани «Овози Самарқанд») дарҷ шуда буд.
Аз мобайн расо ду моҳ гузашт. Ман ҳамон аз рӯзнома дил намекандам.
Дирӯз дар арафаи соли нав ҳамсарам – Дилбарой бо чеҳраи кушода вориди хона шуд. Ман то ҳол ӯро чунин хушнуд надида будам. Дар дасташ рӯзнома:
– Занакҷон, инро аз куҷо ёфтӣ?
Маълум шуд, ки шамоли сахти тирамоҳрӯя онро «эҳтиёткорона» бурда зери хасбедаҳои айвон пинҳон кардааст.
Рӯзномаро ба даст гирифтем. Он ҳамон рӯзномаи таърихӣ буд.
Рӯзнома аз бодҳои пуршиддати тирамоҳу зимистони деҳаи Чунгул аз барфу борон ҳеҷ осеб наёфта буд.
Онро бо эҳтиёт ба бойгониам ҷой додам.

САФОБАХШ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ