Оила: мавқеи мард баланд аст ё зан?

Қарибии шом бо ҳамсарам дар танӯр нон пухтем. Дилам ба модарам кашол шуду нони гарм ва бичакҳои алафинро ба дастархони хурдтар баста, чор сар ангурро болои дастовез мондаму аз дарвоза баромадам. То ҳавлии модарам роҳ чандон дур набуд. Аз кӯчаҳои деҳа оҳиста қадамзанон мерафтам.
– Кушо ооохиииирр! – садои илтиҷоомез баланд баромад. Аввал ҳайрон шудам. Баъди якчанд қадам роҳ гаштан бинам ҷавони тахминан биступанҷсола оинаи тирезаро бо ангушт мезад, дақиқае нагузашта назди дарвоза рафта, даричаро тиқ-­тиқ зада, «дарро кушо» гӯён тор метанид. Шақар-­шуқур овоз бароварда дарича кушода шуд.
– Чаро бо тезӣ накушодӣ? – пурсид ҷавон бо ҳамон оҳанг.
– Эъ, ин қадар ғиншӣ мекунед, – бо овози баланд иллат кард ҳамсар, – бозӣ карда нашиштем, бачая ба гавҳора мебастам.
– Хайр, нафаҳмидем, мегуфтӣ нигоҳ карда меистодам, – гуфту даромад.
Дар роҳ боз гувоҳи як моҷарои зану шавҳар шудам.
– О‑о, ҳа-­а-а, – бо тамоми овоз аррос зад зан, – пули овардаатон фисмиррию, дӯғатон баланд.
– Эъ, ман чӣ кунам, охи-­ирр? – ҳарф­ҳо кашол шуда овози мард торафт пасту борик баромад. – Соҳибкор пулро кам дод, бо усто баробар тақсим кардем.
Ин дам овози ҷангар-­ҷунгур, шикаста пош хӯрдани шишаҳо ба гӯшам расид.
– Ҳа, шиканед! Шиканед! – фарёд кашид бонуи хона. – Зӯр ояд, аламатонро аз банкаву зарфҳо мегиред-­а?! Ҳе ношуд!
Раҳораҳ ба андеша фурӯ рафтам. Чаро занҳо торафт монанди шер мешаванд? Баъзе бонувон шавҳарро писанд накарда, пардаи овозро сар дода, бо иллат ҷавоб мегардонанд. Бибиву модарон ба онҳо «шавҳарро иззат кун!»-гуфта насиҳат накардаанд? «Парранда дар лонааш дидаро мекунад» мегӯянд дар урфият. Шояд чунин тарбия гирифта бошанд? Ё норасоии рӯзгор асабҳояшонро вайрон кардааст? Мумкин шавҳар дуруштгап аст, ки дар давоми солҳо ба бону ҳам таъсир расонидааст?
Набӣ соллаллоҳу алайҳи ва саллам марҳамат мекунанд: «Агар инсонро саҷда кардан иҷозат мебуд, занҳоро ба саҷдаи шавҳар мефармудам».
Баъзан гӯши гуноҳкор мешунавад, падар ба бача хитоб мекунад, ки «Ҳоло ист, модарат ояд, писанд накарданатро мегӯям. Ана баъд ҷазоятро мегирӣ». Инро шунида хандаи кас меояд. Дар айёми бачагӣ модарам ё занҳои ҳамсоя ба фарзандон акси ин гапҳоро мегуфтанд. Онҳо бо ин сухан дар оила баланд будани мавқеи падарро мефаҳмонданд.
Аз ин якчанд сол пештар аз байни биноҳои бисёрқабата мегузаштам. Наз­дикии майдончаи бозии бачагон, дар курсӣ шаш нафар занҳо нишаста, сӯҳбат мекарданд. Як писараки шашсола гирякунон ба давраи занон наздик шуд. Як ҷавонзани тану тӯшдор аз ҷояш хеста «Салим, ҳо Салим» фарёд кашид.
– Ҳа, бийиҷонаш, – сар аз тирезаи қабати дуввум баровард як ҷавонмард.
– Гиред, ин зормондая. Бачаба дуруст нигоҳ кунед. Ғиринг-­ғирингаш гӯшу майнаамро хӯрд. Ба ман ғавғои бозор ҳам мерасад.
– Хӯрок мепухтам, баромаданашро надида мондам, – худро сафед кард шавҳар.
– Тез фаромада гирифта баред!
– Рав! – фармон дод ба писарак. – Ҳозир дадоят мефарояд. Ҳе, ба падарат норавам шав, – гуфту боз ба давраи занҳо ҳамроҳ шуд.
Аз чунин муомила нисбат ба шавҳару фарзанд дар тааҷҷуб мондам. Чаро дар баъзе оилаҳо мавқеи мард ва зан иваз мешаванд? Ба ин кӣ айбдор? Магар мардон аз зан забонкӯтоҳӣ доранд.
Ба воя расонидани фарзанд на танҳо аз ишками ӯро сер карда, либосу пӯшок харида додан иборат аст. Вазифаи асосии модарон дар қалби фарзанд бедор кардани хислатҳои хуб, парвариши ниҳоли некӣ мебошад. Аз хурдсолӣ хис­латҳои неки инсониро муҷассам накунем, инсони хубро ба камол расонидан мушкил мегардад.
Фарзанд неку бадро аввал дар оила мебинад, меомӯзад. Бачаҳо ба хулқу атвор, рафтору гуфтори калонсолон тақлид мекунанд. Мувофиқи гуфтаҳои мутахассисон кӯдак то ҳафтсолагӣ чӣ тавр тарбия гирад, дар оянда хулқаш ҳамин тавр ташаккул меёбад. Хуб медонем, ки тарбияи фарзанд монанди сохтмони бино аст. Набояд пойдеворро аз аввал каҷ гузошт…
Писароне, ки аз кӯдакӣ падарро ғуломи зан, муомилаи дурушт, фармондиҳии модарро нисбат ба шавҳар дида, ба камол мерасанд, дар оянда кӣ мешаванд? Дар муҳите, ки сарвари оила зан аст, ин ба фарзандон бетаъсир намемонад. Аз хурдсолӣ чунин ақида ташаккул меёбад. Ва дар натиҷа дар ҷамъият як ҷавонмарди ноӯҳдабаро, белаёқат, мутеъ ба воя мерасад. Оё чунин ҷавонон аҳли оила, маҳбубаи худ ва Ватанро ҳимоя карда метавонанд?
Дар гирдоби андешаҳо мерафтам, ки писараке аз дарвоза тирвор баромад. Пешпо хӯрда ғалтид, бо вуҷуди ин, саросема аз ҷой хесту тохт.
– Ҳа нест шав, номат гум шавад, – аз оқиби писарак ҷавонзане намоён шуд. – Ба дастам ғалтӣ майда-­майда мекунам, ту молбачая.
– О, модараш худатон не магар? – наздиктар шуда пурсидам.
Зан аз шарм сар хам карду сӯйи хонааш шитофт. Дер вақт ин ҳол аз пеши чашмонам дур нашуд. Аз худ мепурсидам, ки чаро солҳои охир баъзе ҷавонмодарон бо ду-­се кӯдак аллакай асабашон вайрон? Оқибатро фикр накарда, бепарво дуои бад мекунанд?

Комилҷон ҶӮРАЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ