Кушодашавии барномаи нави таълимии бакалаври «Технологияҳои иттилоотӣ ва соҳибкорӣ» дар шакли онлайн сурат гирифт

5 январ кушодашавии барномаи нави  таълимии бакалаври «Технологияҳои иттилоотӣ ва соҳибкорӣ», ки натиҷаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд ва Донишгоҳи илмҳои амалии Турку (Финляндия) мебошад, дар шакли онлайн сурат гирифт.
Дар ин чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷӣ Шерзод Асадов, сафирони Ӯзбекистон дар кишварҳои хориҷӣ, консули фахрии Финляндия дар Ӯзбекистон Алишер Ҷӯраев, роҳбарияти Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд, ректори Донишгоҳи илмҳои амалии Турку Веса Таатила, бузургтарин соҳибкори инноватсионии Аврупо Питер Вастербака ва инчунин намояндагони ширкати «Finest Future» ширкат варзиданд.
Бояд қайд кард, ки бо кӯмаки Вазорати корҳои хориҷӣ, мамлакати мо бо донишгоҳҳои пешрафтаи хориҷӣ дар соҳаи таълими халқ лоиҳаҳои нави муштарак татбиқ мегарданд. Дар байни онҳо лоиҳаҳо оид ба ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами Финляндия дар соҳаи таҳсилоти олӣ ҷои муҳим доранд.
Чорабинии мазкур, ки аз ҷониби консулгарии фахрии Финляндия дар Ӯзбекистон ва ширкати «Finest Future» ташкил карда шудааст, ба лоиҳаи бузург оид ба рушди технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва соҳибкорӣ дар кишварамон оғоз бахшид. Донишгоҳи давлатии иқтисодиёти Тошканд бори аввал дар ин лоиҳа ҳамчун шарики донишгоҳи Финляндия ширкат мекунад.
Хусусияти лоиҳа дар он аст, ки донишҷӯён дар ин барнома дар формати 1 + 3 таълим мегиранд. Яъне, соли аввали таҳсил дар Ӯзбекистон ва се соли оянда – дар Финляндия баргузор мешавад. Ғайр аз ин, хатмкунандагон имконият пайдо мекунанд, ки дар ширкатҳои Финляндия ҷои кор пайдо кунанд ва онҳо дар ширкатҳои бузурги IT ва стартапҳои Финляндия таҷриба хоҳанд кард.
Тибқи созишномаҳои пешакӣ, қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои бакалаврии «Технологияи иттилоотӣ ва соҳибкорӣ» ва «Бизнес-IT ва соҳибкорӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳа аз ҷониби бузургтарин соҳибкори инноватсионӣ дар Аврупо Питер Вастербака дастгирӣ карда мешавад.
Бо шарофати лоиҳа, донишҷӯёнамон дониш ва малакаҳои васеъ ба даст меоранд ва метавонанд бо истифода аз таҷриба ва навовариҳои пешқадами Финляндия ба рушди кишвари худ саҳми сазовор гузоранд.
     
АИ «Дунё».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ