Нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоӣ ва ашёи хом ба сатҳи рекордӣ расиданд

Нархҳои ҷаҳонии маводи ғизоии асосӣ ва ашёи хом дар соли 2020 дар се соли охир ба сатҳи рекордӣ расиданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) хабар додааст.
Нишондиҳанда моҳи декабри соли гузашта то 107,5 банд ё , 2,2 дарсад дар муқоиса бо моҳи ноябр, ҳангоме ки индекси аз ҳама баландтарин дар шаш соли охир ба қайд гирифта шуд, афзоиш ёфт.
Ҳамзамон нишондиҳандаи миёнаи индекси соли 2020 нисбат ба соли 2019 3,1 фоиз зиёдтар шуд. Аммо ин нисбат ба нишондиҳандаи рекордие, ки соли 2011 ба қайд гирифта шуда буд, 25 фоиз камтар аст.
Индекси нархи равғани растанӣ дар моҳи декабр 4,7 фоиз афзуд, дар ҳоле ки индекси нархҳои ғалладона нисбат ба соли 2019 6,6 фоиз афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, ФАО афзоиши нархи хӯроквориро танҳо ба пандемия иртибот намедиҳад. Ба гуфтаи коршиносон, динамикаи нархҳо аз таносуби талабот ва пешниҳод вобаста аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ