Тавсияи Жириновский ба муҳоҷирони меҳнат

Роҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия Владимир Жириновский пешниҳод кард, ки ба Русия баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ, ки бинобар хурӯҷи коронавирус ба ватанашон рафтаанд, маҳдуд карда шавад. Сиёсатмадор ин гуфтаҳои худро бо он асоснок кард, ки пас аз лағви маҳдудиятҳо шояд шумораи зиёди русҳои бекор дар ин кишвар пайдо шаванд. Жириновский ба сокинони Осиёи Марказӣ пешниҳод кард, ки дар хона кор кунанд ва меваву сабзавот парвариш намоянд. Русия, ба гуфтаи Жириновский, метавонад ин молҳоро дар ҳаҷми калон ва бар асоси пардохти пешакӣ харидорӣ кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ