333 намондаи хориҷӣ интихобот ва ҳамапурсии Қирғизистонро назорат мекунанд


Барои назорати интихоботи раисумҳурии пешазмуддатӣ ва ҳамапурсии Қирғизистонро аз 44 кишвари ҷаҳон 333 нафар намояндаи хориҷӣ ба Қирғизистон ташриф оварданд. Дар ин бора комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон хабар дод.
Интихоботи раисҷумҳурӣ ва ҳамапурсӣ бобати шакли идораи давлат дар Қирғизистон фардо, 10 январ баргузор мешавад.
Нурҷан Шайлдабекова, раиси комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон гуфт, ки интихоботи раисҷумҳурӣ новобаста аз фоизи овоздиҳандагон барпошуда маҳсуб мегардад. Барои ғолиб шудан дар интихобот бояд номзад беш аз 50 дарсад овоз дарёфт кунад. Барои барпошуда эътироф шудани ҳамапурсӣ бояд беш аз 30 дарсад иштирок кунанд. Мардум барои кадом шакли идораи давлат бештар овоз диҳанд, ҳамон интихоб мегардад.
Ёдовар мешавем, рӯзи 10 январ дар Қазоқистон интихоботи порлумонӣ барпо мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ