Шадидтарин тӯфони барфии 50 соли охир дар Испания боиси марги 3 нафар шуд


Дар натиҷаи тӯфони шадиди барфӣ дар Испания 3 нафар фавтиданд. Ба гуфтаи Фернандо Гранде Марласка, вазири корҳои дохилии Испания, ин тӯфони шадидтарини 50 соли охир дар ин кишвар буд.
Вазир дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки ду нафар дар Андалусия ва як нафар дар Мадрид қурбони тӯфони барфӣ шуданд.
Ҳоло дар 19 минтақаи Испания ба далели ҳавои номусоид режими махсус ҷорӣ аст.
Бояд гуфт, ки чанде пеш бориши зиёди барф боиси баста шудани фурӯдгоҳи Мадрид шуд. Ҳавопаймои ҷамоаи футболи “Реал Мадрид” ба иллати ин натавонист барои баргузори бозии навбатии чемпионат ба дигар вилоят парвоз кунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ