Нурсултон Назарбоев сабаби вафоти наберааш Айсултон Назарбоевро гуфт

Шабакаи телевизионии “Хабар” бахши сеюми филми мустанади «Штрихи к портрету»-ро намоиш дод.
Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи наберааш Айсултон Назарбоев сухан гуфт.
«Аз се духтар ман набераҳои олиҷаноб дорам. Мутаассифона, мо имсол (соли 2020) як набераро аз даст додем, ки ба ман хеле монанд буд (Айсултон Назарбоев). Ман барои ин набераам сахт таассуф мехурам, ки барвақт рафт «, — гуфт Назарбоев дар як мусоҳибаи видеоӣ.
Вай қайд кард, ки Айсултон дар кишварҳои мухталиф аз нашъамандӣ табобат гирифтааст.
«Метавонистем ӯро ба ҳеҷ ҷо нафиристем, аммо нигоҳ доштанаш ғайриимкон буд. Вай аллакай ғуломи ин кор буд, худро нигоҳ дошта наметавонист. Мо ӯро дар Маскав табобат кардем, дар Лондон табобат кардем. Чунин ба назар мерасад, ки аз ин кор баромада, аммо боз баргашт», — илова кард, Элбасӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ