Audi баъди 15 сол истеҳсоли автомобили дорои мотори бензиниро қатъ мекунад


Корхонаи мошинсозии Audi, ки шомили ширкати Volkswagen Group аст, дар 15 соли оянда истеҳсоли автомобилҳои дорои мотори бензиниро комилан қатъ мекунад. Дар ин бора маҷаллаи WirtschaftsWoche навишт.
Бино ба навиштаи маҷалла, ширкат ҳоло нақшаи дасткашии тадриҷӣ аз моторҳои бензиниро таҳия мекунад. Дар моҳҳои оянда ин нақша омода мегардад.
Audi дар моҳи декабри соли 2020 истеҳсоли электромобили нави худ e-tron GT-ро оғоз кард. Ин мошини барқӣ дар фасли баҳори соли 2021 барои харид ба муштариён дастрас мегардад.
Ширкати Audi дар 5 соли оянда барои роҳандозии истеҳсоли электромобилҳо ва мошинҳои “гибридӣ” 50 миллиард евро сарф хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ