Рӯзҳои охири Трам: демократҳо барои импичменти ӯ омодаанд


Демократҳои ИМА қабл аз поён ёфтани муҳлати раисҷумҳурии Доналд Трамп, барканор кардани ӯро мувофиқи 25-умин таҳрири Сарқонун талаб мекунанд.
Кэролин Мэлоуни, узви Маҷлиси намояндагони Конгресс гуфт, “Ӯ (Трамп) таҳдиди равшан барои демократияи мо аст. Агар ӯ истеъфо надиҳад, пешвоёни кишвари мо бояд ҷамъ шаванд ва барои барканории ӯ иҷрои 25-умин таҳрирро талаб кунанд. Агар онҳо коре накунанд, Конгресс дар ҳафтаи оянда бо ташаббуси худ бори дувум масъалаи импичментро пеш меронад”.
Ёдовар мешавем, рӯзи чоршанбе тарафдорони Трамп барои пешгирии тасдиқ шудани натиҷаҳои интихоботи раисҷумҳурӣ ба Капитолий – бинои Конгресси ИМА ҳуҷум карданд. Нэнси Пелоси, раиси маҷлиси намояндагони Конгресс исрор мекунад, ки суханронии Трамп дар назди тарафдоронаш барои ҳамлаи онҳо ба Капитолий ангеза шудааст.
Тарафдорони Трамп ҳанӯз дар баъзе аз шаҳрҳои ИМА барои дастгирии ӯ намоиш мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ