Тихановская: То поёни соли 2021 дар Белорус бояд интихоботи раисҷумҳурӣ баргузор шавад


Светлана Тихановская, пешвои мухолифини Белорус дар канали телеграмии худ дар бораи интихоботи раисҷумҳурӣ ва ҳамапурсӣ бобати сарқонуни нави Белорус навишт.
Ӯ гуфт, то поёни соли 2021 дар Белорус интихоботи раисҷумҳурӣ ва ҳамапурсӣ бобати сарқонуни нав баргузор шавад. Ба гуфтаи Тихановская, интихоботи раисҷумҳурӣ бе иштироки Александр Лукашенко, роҳбари феълии Белорус барпо шавад.
Ёдовар мешавем, Светлана Тихановская дар интихоботи раисҷумҳурии Белорус дар соли гузашта рақиби асосии Лукашенко буд, аммо мағлуб шуд. Вале, ӯ мағлубияти худро эътироф накард ва эълон намуд, ки худро ғолиб ҳисоб мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ