Аз рӯйи «Хонаи афтода»-и Ҷиззах Комиссияи Ҳукумат таъсис ёфт

Соати 17:10-и рӯзи 10-уми январ дар кӯчаи Мустақиллики маҳаллаи Зилоли шаҳри Ҷиззах як қисми хонаи шашошёнаи корҳои сохтмониаш ба охир нарасида афтод. Хона аз ҷониби ҶММ «Чорводор-Қоракӯл-Барака» бунёд мегардид. Бо фармоиши дахлдори Девони Вазирон бо мақсади омӯзиши сабаби воқеаи мазкур бо роҳбарии ҷонишини аввали Сарвазир Ачилбай Раматов Комиссияи Ҳукумат таъсис ёфт. Ба таркиби он вакилони як қатор вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо дохил шуданд. Ба зиммаи комиссия омӯхтани сабабҳои афтодани хона, риояи бинокорон ба қоида ва меъёрҳои сохтмон ва ғайра гузошта шудааст.к

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ