Боз як президент ба коронавирус мубтало гардид

Аз Президенти Португалия Марселу Ребелу ди Соза инфексияи коронавирус аниқ гардид. Дар ин бора дар веб-сайти Президент гуфта шудааст. То ин вақт тестҳои барои вирус супоридаи сиёсатчӣ натиҷаи манфӣ додааст, аммо боз як санҷиши ПЦР ба беморӣ мубталошавии роҳбари Португалияро нишон додааст. Аммо, дар вай аломатҳо ҳис карда намешавад. Президент худро якка гирифт. Барои маълумот: Имрӯзҳо дар Португалия дар 489293 нафар инфексияи коронавирус аниқ шудааст. 372056 нафар бемор солим гашт. 7925 бемор вафот кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ