Ба Ҳизби коргарии Корея Котиби генералӣ интихоб шуд

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин дар анҷумани охирини 8-уми Ҳизби коргарии Корея Котиби генералии ҳизб интихоб шуд. Дар ин бора рӯзи душанбе Агентии марказии телеграфии Корея хабар дод. Дар анҷумани қаблӣ, ки моҳи майи соли 2016 баргузор шуда буд, Ким Чен Ин ба вазифаи раиси Ҳизби коргарӣ интихоб шуда буд. Инчунин қайд карда мешавад, ки иштирокчиёни анҷуман тағиротҳо ба оинномаи ҳизбро тасдиқ карданд, ки тибқи он маҷлисҳои минбаъда дар ҳар панҷ сол даъват карда мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ҳангоми анҷумани ба наздикӣ дар Пхенян баргузоршудаи Ҳизби Коргарии Корея дусту душмани хориҷии кишварро муайян кард. Русияю Хитой дуст ва ПАмрикою кишварҳои ғарбӣ душман эълон шуданд.

pressa.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ