Мақоми сарватмандтарин шахси ҷаҳон ба Илон Маск “вафо накард”


Илон Маск, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш сарватмандтарин марди ҷаҳон эълон шуда буд, дубора ин мақомро ба Ҷефф Безос, асосгузори ширкати Amazon баргардонд.
Бино ба маълумоти Forbes, поягузори ширкатҳои SpaceX и Tesla рӯзи гузашта 13,5 миллиард доллари худро аз даст дод ва дар феҳристи сарватмандони ҷаҳон боз дар паллаи дувум ҷойгир шуд.
Рӯзи гузашта саҳмияҳои ширкати Tesla ба далели коҳиш ёфтани индекси биржаи ИМА 7,8 дарсад арзонтар шуд.
Ёдовар мешавем, Ҷефф Безос соли гузашта низ дар феҳристи сарватмандони ҷаҳон садри ҷадвал буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ