Дар маскани Қорасу ба шахсе, ки қиморхона ташкил кардааст, парвандаи ҷиноӣ кушода шуд

Соати 01:00-и 9-уми январ ходимони шӯъбаи мубориза бар зидди ҷинояткории СКД-и шаҳри Самарқанд дар хонадони 11-и маҳаллаи Ободи маскан тадбири зудкор ташкил карданд. Дар давоми тадбир аз ҷониби шаҳрванди 31-солаи маҳаллаи Янгикент (гузари Ҷонроҳат)-и ноҳияи Иштихон С.И., ки хонадонро ба иҷора гирифта зиндагонӣ мекунад, ҳолати барои 4 нафар қиморбоз дар хонадон муҳайё кардани шароит барои қиморбозӣ аниқ гардид, Аз давраи қиморбозӣ калодаҳои карта, 3 миллиону 685 ҳазор сӯм ва 100 доллари амрикоӣ дар тартиби дахлдор ҳуҷҷат карда шудааст. Бино ба хабари хизмати ахбори СКД-и вилояти Самарқанд аз рӯйи ҳолати мазкур шӯъбаи кофтукови назди СКД-и шаҳри Самарқанд бо қисми 1-и моддаи 278-и Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Манбаъ: Zarnews.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ