Сухани ошно

Анорбой Шодипур (Анорбой Назаров) зодаи деҳаи Ӯхми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах мебошад. Вай мактаби миёнаро соли 1992 бо медали тилло хатм карда, ҳамон сол ба факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло миллӣ)-и Тоҷикис­тон шомил гардид. Онро соли 1997 бо тахассуси журналист ба итмом расонд. Дар ин миён аз қаламкашони варзида, ба монанди Қироншоҳи Шарифзода дар идораи рӯзномаи «Садои мардум» асрори касб омӯхт. Фазилатҳои ҳамидаи устоди равоншод Пайванди Гулмуродро ҳамеша бо некӣ ёд мекунад.
Барои соҳиби ин пеша гардидани Анорбои Шодипур хидматҳои падари раҳматиаш Шодибой Назаров ва модараш Бозоргул Назарова, ки имрӯз дами пирӣ меронанд, ниҳоят калон мебошад.
Анорбой солҳост, ки ба ҳайси хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик» ифои вазифа дорад. То ҳол аз устодон Абдулло Субҳон, Паймон, Муҳаммад Шодӣ, Тоҷибойи Икром ҳунар меомӯзад. Тарона ва суханрезаҳо машқ мекунад. Дар зер чанд намуна овардем, ки руҷӯи лирикии ӯст.
Мавсуф 14-уми январ-­Рӯзи муҳофизони Ватан зодрӯз дорад. Мо ҳамқалами худро бо рӯзи мавлуд самимона муборакбод намуда, барояш комёбиҳои эҷодӣ таманно мекунем.

Раҳимшоҳи ШАРИФЗОДА.

Таронаи Ватан

Ватан, ҳар зарраи хокат азиз аст. Ман заррае аз туям. Бароям оби чашмаҳот нӯшдору, хору сангат гулу болин, боғҳоят ва гулгаштҳоят биҳишти рӯи заминанд. Кӯҳҳои осмонбӯсат дилрабост. Водии Фарғонаат зархез, кӯҳсори Бӯстонлиқат ҷои осоиш, макони мурғони саҳархез аст. Аз Самарқанду Бухороят пои меҳмонон дар тӯли сол канда нест. Аз ҳафт иқлими олам сӯи ин шаҳрҳоят мешитобанд. Ҳар манора, ёдгориҳои таърихии Хиваат, дашти афсонахези Қароқалпоқат ба забони ҳол мегӯянд, ки ту яке аз гавҳораҳои тамаддунӣ. Дар Насаф ҳам Навоӣ- шаҳрҳои саноати дарёфт шуд. Ганҷи бемисл, фаровон сарват. Ҷамоли Ҷиззахат ҳам торафт зебо мегардад. Дашти Мирзоро карданд обод халқи бунёдкору офарандаат. Аз воҳаи Сурхон бас ҷавонон омаданд то ба Тошканд бо риёзат ё тиҷорат ҳам зиёрат. Баҳри таърифи Тошканд-­Чоч ё Шошкенти кӯҳан забон лол аст. Аз ин рӯ, туро чун гавҳараки чашм ҳифз хоҳам кард. Балки ҷонамро фидо созам баҳри ободиву шукуфоият, Ватан, эй Модари мушфиқу ғамхор!

Хуршеди хаёл

Хуршед аз паси қуллаҳо нурпошӣ дорад. Рӯдаки шӯхи деҳ сӯи дашту даман мешитобад. Чашмаи ҷонбахш аз ҷониби кӯҳ бо диловезиву дилнавозӣ ҷорист. Дар қатраҳои дилфиреби оби чашмасор, ки бо сангҳо бархӯрда равон аст, нурҳои заррини офтоби оламгир аҷаб медурахшанд.
Дар уфуқи хаёл менамоӣ. Офтоберо мемонӣ, ки қӯҳсори вуҷудамро ранг, амвоҷи рӯди орзуҳоямро ҷило аз туст. Бе нури ту нест шӯълаҳои зиндагӣ дар дилу чашмони ман, ай офтоби армони ман!

Анорбои ШОДИПУР,
вилояти Ҷиззах.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ