Швейсария хидмати сарбозиро онлайн адо мекунанд


Дар Швейсария 12 ҳазор нафар ҷавон ба хидмати сарбозӣ даъват шуданд, вале, ба далели маҳдудиятҳо нисфи онҳо хидмати сарбозиро онлайн адо хоҳанд кард. Дар ин бора Swissinfo хабар медиҳад.
Сарбозон аз 18 январ то 8 феврал ҳамарӯза 6 соат назарияи сарбозиро меомӯзанд ва ҳафтае чор соат машқҳои ҷисмониро анҷом медиҳанд. Барои гурӯҳҳое, ки “фосилавӣ” хидмат мекунанд, барномаи махсус дар интернет роҳандозӣ мешавад.
Сарбозони “фосилавӣ” баъди 3 ҳафта метавонанд ба дигар сарбозон ҳамроҳ шаванд, аммо пеш аз ин онҳо барои ташхиси коронавирус тест бояд супуранд.
Дар Швейсария синни хидмати сарбозӣ аз 19 то 31 мебошад ва он маҷбурӣ аст. Бонувон метавонанд бо ихтиёри худ дар саффи нерӯҳои мусаллаҳ хидмат кунанд, ё накунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ