Дар ноҳияи Яшнобод маҳаллаи нав бунёд гардид

Дар шафати истгоҳи метрои «Дӯстлик»-и Тошканд маҳаллаи нави дорои ҳафт хонаи бисёрошёна бунёд ёфт. Дар арафаи 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан ҳуҷраҳои наве, ки барои 350 оила пешбинӣ шудаанд, ба тарзи тантанавӣ ба соҳибонашон супурда шуданд.
Биноҳои наве, ки аз ҷониби ширкати бинокории «Шаҳарқурилишинвест» барпо карда шуданд, ба ҷашни хидматчиёни ҳарбие, ки ҳаёти худро ба ин касби пуршараф, ҳимояи Ватан бахшидаанд, армуғони шоиста гардид.
Дар маросими супурдани калиди хонаҳои нав ба хидматчиёни ҳарбӣ фармондеҳи округи ҳарбии Тошканд, полковник Зокирҷон Сайфуддинов, муовини аввали ҳокими шаҳри Тошканд Даврон Ҳидоятов, ҳокими ноҳияи Яшнобод Бахтиёр Раҳмонқулов, намояндагони Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, аъзои Шӯрои ҷамоатии назди Вазорати мудофиа иштирок карданд. Нотиқони дар чорабинӣ ба сухан баромада хидматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳоро бо ин воқеаи хотирмон муборакбод намуданд. Роҳбари ширкати «Шаҳарқурилишинвест» Элёр Ризоев ба намояндаи хидматчиёни ҳарбӣ калиди рамзии маҳаллаи навро супурд.
Баъд аз ин, иштирокдорони чорабинӣ аз хонаҳои сержанти дараҷаи II Шерзод Менглиев ва сержанти хурд Ҷамшед Худойназаров боздид ба амал оварда, дар сари як пиёла чой суҳбат карданд. Ба муносибати кӯч ба ҳуҷраҳои нав ба соҳибони онҳо аз ҷониби ташкилотчиёни чорабинӣ туҳфаҳои гаронбаҳо супурда шуданд.
Дар хонаи сеҳуҷрагии масоҳаташ 96 метри мураббаъ барои зисту зиндагии хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо тамоми шароит мавҷуд аст. Ҳуҷраҳои бачагона барои хониш, истироҳати кӯдакон муҷаҳҳаз шудаанд, ошхона ҷавобгӯйи талаботи замон мебошад.
– Имрӯз барои оилаи мо фаромӯшношуданист. Шавҳари ман 18 сол боз дар соҳаи ҳарбӣ кор мекунад. Оқибат мо ҳам соҳиби манзили худӣ шудем. Минбаъд аз як ҳуҷра ба ҳуҷраи дигар намекӯчем. Бо ҳамсарам 12 сол муқаддам дар госпитали ҳарбӣ шинос шуда, оилаи хушбахт барпо кардем. Тавре ки мебинед, писари 6 солаи мо Бобуршоҳ ва духтари 5-солаамон Садафхон аз ин туҳфа бағоят хушнуданд. Ба роҳбарияти кишварамон барои эътибор ва ғамхориаш миннатдории амиқ изҳор мекунам. Мо бовар дорем, ки хонаи нав ҳаётамонро аз хушиву хурсандӣ ва бахту саодат лабрез мекунад, – гуфт Дилфуза Абдуллоева ҳамсари сержанти дараҷаи II Шерзод Менглиев.

Асрор РӮЗИБОЕВ, хабарнигори ӮзА. Сурати ӮзА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ