Дар соли 2020 нархи кадом маҳсулот аз ҳама бештар қимат шуд?

Кумитаи давлатии статистика маълумот дар бораи қиматтарин маҳсулоти хӯрокворӣ дар соли 2020-ро нашр кард. Дар ин бора шабакаи yuz.uz хабар медиҳад.
Ба рӯйхати маҳсулотҳое, ки нархаш беш аз ҳама афзудааст, зироатҳои лӯбиёгӣ дохил карда шудаанд. Аз ҷумла, гречка (+ 52,7%), лӯбиё (+ 36,2%), нахӯд (+ 27,6%), мош (+ 25,6%), орди гандум (+ 14,8%), биринҷ — 13,8%.
Инчунин, нархи маҳсулоте, ки аҳолӣ беш аз ҳама истеъсол кардаанд, аз ҷумла гӯшти гов (+ 21%), гӯшти гӯсфанд (+ 25%), моҳӣ (+ 13,5%) ва мурғ (+ 3,9%) низ хеле баланд шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар охири соли 2019 гаронтарин маҳсулоти хӯрокворӣ мош, орди гандум ва гӯшти гов буданд. Дар охири сол нархи мош (+ 35%), гандум (+ 32%) ва гӯшти гов (+ 26%) боло рафта буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ