Олимон ферментро, ки дар организм зиёдшавии коронавирусро боз медорад, аниқ карданд

Мутахассисони Донишгоҳи Тюбингени Германия аз рӯйи биоинформатика ферментро, ки дар организм ба зиёдшавии коронавирус таъсир мерасонад, аниқ карданд. Таъкид мегардад, ки вируси мазкури бе фермент дар организм зиёд намешавад. Кашфиёти мазкур дар коркарди воситаҳои доругии нави зидди вирус ёрӣ доданаш мумкин. Олимон модели компутерии дар шуши одам паҳншавии коронавирусро бунёд карданд. Бино ба он, вирус барои ба ҳуҷайра даромадан онро ба кор карда баровардани моддаҳои ба худ хоси «дарвоза» ҳисобшаванда маҷбур мекунад. Дар ин барои вирус гуанилаткиназа 1 ё ин ки ферменти GK1 номбаранда алоҳида касб менамояд. Олимони Германия дар давоми тадқиқот ферментро аз организм гирифтан муваффақ шуданд. Баъди ҳамин, вирус «гушна монда» аз зиёдшавӣ боз мондааст. Олимон таъкид карданд, ки солимии инсон ба дар организми мавҷуд будани ферменти GK1 бевосита вобаста нест ва муваққатан коркарди ферменти мазкурро қатъ кардан мумкин. Манбаъ: «Соғлом ҳаёт».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ