Дар Испания 25 дараҷа хунукӣ ба назар мерасад

Дар Испания бӯрони сарди Филомена ба дараҷаи рекорд ҳарорати хунукро овард. Шаби 12-уми январ дар ду провинсия ҳарорати ҳаво аз 25 дараҷа паст фаромад. Дар ин бора «El Pals» маълумот додааст. Таъкид мегардад, ки обуҳавосанҷон дар шаҳри Белои провинсияи Теруэл 25,4 дараҷа, дар Молина — де Арагон 25,2 дараҷа хунукро қайд карданд. Дар 41 провинсияи мамлакат (аз 50) аз рӯйи пастшавии ҳарорат огоҳӣ дода шудааст. Дар Валенсия, Барселона, Севиля ва Мурсан, ки одатан дар зимистон ҳам, ҳаво он қадар хунук намешавад, хунукӣ ҳукмронӣ мекунад. Рӯзҳои истироҳат дар бисёр ҷойҳои Испания барфи зиёд борид. Хусусан, дар Мадрид барфтӯда аз 50 сантиметр гузашт. Дар ин шаҳр хонандаҳои мактабҳо то 18-уми январ ба мактаб нарафта, дар хона мемонанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ