Донишомӯзони Ӯзбекистон дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков соҳиби 14 медал шуданд


14 нафар донишомӯзи Ӯзбекистон дар 17-умин Олимпиадаи байналмилали Жаутиков, ки ҳамасола дар шаҳри Алматии Қазоқистон баргузор мешавад, иштирок карданд ва 14 медал дарёфт карданд.
Имсол ин олимпиада ба далели пандемия ба таври фосилавӣ барпо шуд.
Аз 21 кишвари ҷаҳон 146 даста, дар умум 1006 нафар донишомӯз дар олимпиада иштирок карданд.
Ҷавонони ӯзбекистонӣ дар олимпиада 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ дарёфт карданд.
Олимпиадаи Жаутиков сар аз соли 2005 ҳамасола баргузор мешавад. Донишомӯзон дар олимпиада аз рӯи фанни физика, информатика ва технологияҳои ахборотӣ барои касби медалҳо талош мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ