Асосгузори “Ералаш” даргузашт


Борис Грачевский, асосгузор ва роҳбари бадеъии барномаи ҳаҷвии “Ералаш” дар синни 72 даргузашт. Грачевский чанде пеш мубталои коронавирус шуда буд ва ӯро дар бемористон муолиҷа мекарданд.
Ба гуфтаи Екатерина Белосерковская, ҳамсари Грачевская, ӯ рӯзҳои охир дар кома буд.
Борис Грачевский соли 1949 дар шаҳри Маскав таваллуд шуд. Ӯ Донишгоҳи кинематографияи Иттиҳоди Шӯравиро хатм кард. Грачевский соли 1974 бо ҳамкории драматург Александр Хмелик фаъолияти барномаи ҳаҷвии кӯдакон – “Ералаш”-ро ба роҳ андохт. Солҳои 1974-1984 ӯ роҳбари барнома буд. Аз соли 1984 ҳамчун роҳбари бадеъӣ фаъолияти худро идома дод.
Грачевский унвони арбоби шоистаи Русия ва чанд ҷоизаи давлатии дигар дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ