Хабари вайрон шудани обанбори Қайроққуми Тоҷикистон асосе надорад


Вазорати вазъияти фавқулоддаи Ӯзбекистон дар бораи беасоси будани овозаҳо дар бораи осеб дидани обанбори Қайроққуми Тоҷикистон хабар дод.
Бино ба баёнияи вазорат, шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи хароб шудани обанбори нерӯгоҳи Қайроққум ва ба атроф ҷорӣ шудани оби он хабарҳо паҳн шуд. Гуфта мешавад, ки ин хабарҳо дурӯғ буда, ба обанбори Қайроққум ягон шикасте нарасидааст ва мардум бояд хотирҷамъ бошанд.
Бино ба хабари Kun.uz, ин овоза дар миёни аҳолии Сардоба, Мирзообод ва Оқолтин, ки аз селоб зарар дида буданд, воҳима андохтааст. Баъзе аз одамон барои эҳтиёти худ хонаҳои худро тарк кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ