“Аборт” дар Аргентина қонунӣ шуд


Дар Аргентина аборт – исқоти ҳамл қонунӣ шуд. Алберт Фернандес, раисҷумҳури Аргентина рӯзи 14 январ дар ин бора қонуни махсусро имзо кард.
Бино ба хабари Регнум, Фернандес гуфт, “Барои аксари бонувон имрӯз поёни муборизаи чандинсола аст, онҳо муваффақ шуданд ва исқоти ҳамл дигар ҷиноят нест”.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Аргентина, ӯ як қонуни дигареро имзо кард, ки он бонувонро ҳангоми ҳомиладорӣ ва то сесолагии кӯдакашон дастгирӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, дар Аргентина то дирӯз “аборт” ғайриқонунӣ буд ва барои ин амал парвандаи ҷиноӣ боз мешуд. Танҳо дар вазъияте, ки ба бонувон таҷовуз мекунанд, ё ҳомиладорӣ ба ҳаёти онҳо хатар дорад, исқоти ҳамл мумкин буд.
Ҳар ду маҷлиси порлумони Аргентина низ ин қонунро пуштибонӣ кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ