Чаро яхобмонӣ зарур аст?

Масъалаи рушд ва ислоҳ кардани соҳаи хоҷагии об яке аз масъалаҳои муҳими рӯз ба шумор меравад.
Аз сабаби дигаргунии иқлим ва бо суръати баланд зиёд шудани аҳолии кишварамон танқисии об ба назар мерасад.
Ин мушкил ҳифзи захираи об, самаранок истифода бурдан аз манбаъҳои он ва бо назорати доимӣ идора кардани манфиатдории истифодабарандагони обро талаб мекунад.
Мақсади мо бо роҳи истифодаи самарабахши об беҳтар гардондани тарзи зиндагонии аҳолӣ, кор карда баромадани нақшаи истифодаи сарфакоронаи захираи об, мустаҳкам намудани пойгоҳи меъёриву ҳуқуқии сектори хоҷагии об ва таъмин кардани устувории экологӣ мебошад.
Соли гузашта барои миробҳои хоҷагии қишлоқ пурмашаққат ва нисбат ба солҳои дигар душвор буд. Аз ин сабаб, барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии замин ва фаъолияти соҳаҳои мелиоратсия, омода кардани замин ба яхобмонӣ, босифат ташкил кардани корҳои яхобмонӣ ва ба нақша даровардани ҳисобу китоби миқдори об ҳамчун талаби асосии соҳа ба шумор меравад.
Баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва беҳтар гардондани сифати он ба ғайр аз чораҳои номбаршуда ба босифат шустани шӯри замин, омода кардани замин ба саривақт ва бо меъёри муайянгардида яхобмонии тирамоҳу зимистон ва шудгор кардани замин низ вобаста аст.
Яхоб баробари кам кардани миқдори шӯри замин, ба бештар ҷамъ шудани захираи намнокии хок, нашъунумӯъ ёфтани ниҳол, 6-8 рӯз пеш аз муддат ба ҳосил даромадани ғӯза, дар ҳар гектар то 4-6 сентнер зиёд гардидани ҳосилнокӣ ва дар обёрии баъдина то 25-30 фоиз ихтисор шудани об мусоидат мекунад.
Дар миқёси ҷумҳурӣ ҷамъ 673,4 ҳазор гектар майдонро замини дараҷаи шӯриаш кам 305,1 ҳазор гектар, шӯриаш миёна 282,8 ҳазор гектар ва шӯраш баланд 85,5 ҳазор гектар ташкил медиҳад.
Аз рӯйи тартибу қоидаи яхобмонӣ ба заминҳои дараҷаи шӯрашон баланд 3 маротиба (дар ҳар яхобдиҳӣ ба миқдори 2000 мукааб метр об дода мешавад), шӯриашон миёна 2 маротиба ва шӯриашон кам 1 маротиба яхоб дода мешавад.
Имрӯз дар ноҳияҳо корҳои асосии яхобмонӣ бурда мешаванд, аммо дар баъзе мавзеъҳо қатъи назар аз корҳои фаҳмондадиҳӣ ва огоҳ кардани мутасаддиёни шуъбаи ирригатсияи ноҳия маълумоти зарурӣ дар муддати муайян тақдим намегардад, дар яхобмонӣ саҳлангорӣ ба назар мерасад.
Барои бартараф кардани муаммо ва камбудиҳои мавҷуда дар миқёси ҷумҳурӣ чораҳои зиёд андешида мешаванд.
Гӯзал АЛИМОВА

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ