Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас аст

Рӯзи 13-уми январ ба муносибати 29-умин солгарди ташкил гардидани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва Рӯзи ҳимоятгарони Ватан бо ташаббуси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатии хайриявии «Маҳалла» дар Шӯрои вилоятии Ҳизби демократии «Миллий тикланиш», мактаби таълими умумии рақами 20-и шаҳри Самарқанд, қисмҳои ҳарбии рақами 7252 ва 13060-и шаҳр тадбири идона зери шиори «Ҳимояи Ватан вазифаи муқаддас аст» баргузор шуд.
А. Аҳтамов, раиси шӯъбаи вилоятии Бунёди ҷамоатии хайриявии «Маҳалла» дар ин тадбир суханронӣ карда, зикр намуд, ки ҷавонони имрӯз посбонони ватани мо ҳастанд ва ҳимояи Ватан, эҳсоси ватанпарварӣ ва фидоӣ будан барои ҳар як шаҳрванди кишвар қатъи назар аз миллат ва дину эътиқоди ӯ ҳам қарз ва ҳам фарз мебошад.
Дар тадбир донишомӯзони мактаби таълими умумӣ ва мактаби ҳунари ҷангӣ низ бо барномаҳои худ ҳунарнамоӣ карданд.
Илова бар ин, ба кормандони қисмҳои ҳарбӣ, ки дар роҳи хидмат ва анҷоми вазифа ҷонфидоӣ мекунанд, ташаккурнома ва тӯҳфаҳои махсус доданд.
Дар поёни тадбир ба ҳозирон барномаи консертӣ тақдим шуд. Тадбир ба ҳамаи иштироккунандагон таассуроти калон бахшид.

Хизмати матбуоти
Бунёди ҷамоатии хайриявии «Маҳалла»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ