Ба Нуробод чорвои наслдор оварданд

Бар асоси Низом «Дар бораи Нозироти назорати маҷмӯи агросаноати назди Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон», ки бо қарори таҳти рақами 575-и Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон (аз 12-уми июли соли 2019) тасдиқ шудааст, аз рӯйи назорати кори дар чорводорӣ наслофории нозирот вазифаҳо муайян гардидаанд.
Бар асоси низоми мазкур ба зимаи Нозирот вазифаи бурдани ҳисоби адади чорвои субъектҳои чорводорӣ, ба хоҷагиҳо ҷудо кардани замин ва самарадории истифодабарӣ аз онҳо, ташкили корҳои наслофарию селексия, экспорту импорти маводи маҳсулоти наслнок, дар тартиби дахлдор саривақт ба реестри давлат гирифтани ҳайвонҳои наслдори аз хориҷа овардашуда ва аз рӯйи роҳ надодан ба камбудиҳо дидани чораҳои қонунӣ ва амалигардонии назорати доимӣ гузошта шудааст.
Бино ба ин, шӯъбаи Нозирот дар ноҳияи Нуробод дар ноҳия дар бобати иҷрои қонунҳо дар 20-то ҷамъияти масъулияташ маҳдуд дар самти чорводорӣ ва хоҷагиҳои фермерӣ, лоиҳаҳои амалигардидаистода аз рӯйи беҳсозии насли чорво, ба тарзи доимӣ тадбирҳои мониторингию таҳлилӣ мегузаронад.
Бояд таъкид кард, ки бар асоси Қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 29-уми январи соли 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагии аз ҷониби давлат дастгирии соҳаи чорводорӣ» таҳти рақами ҚП‑4576 барои корхонаҳои кластер ва хоҷагиҳои фермерӣ барои аз давлатҳои хориҷӣ овардани чорвои наслдор имтиёз дода шудааст.
Моҳи декабри соли гузашта ҶММ «Нуробод олтин аср чорваси» – и назди Саройи муқобили мошину тракторҳои «Жарқудуқ осмонида порлаган юлдуз» аз Германия 161 сар чорвои наслдор овард.
Филиали каттақӯрғонии Бонки саҳҳомию тиҷоратии «Микрокредитбанк» барои лоиҳаи мазкур 5 миллиард сӯм кредит ҷудо кард. Чорвои аз хориҷа оварда бо тартиби муайян ба карантин гирифта мешавад. Шӯъбаи нурободии Нозирот чорвои аз хориҷа овардаро саривақт ба рӯйхати реестри давлатӣ мегирад.
Дар оянда насли чорворо аз ҳисоби импорти хориҷа не, балки аз ҳисоби дар худамон парвариш кардан зиёд мекунанд. Ин барои беҳсозии сифати маҳсулоти гӯшту шир ва арзоншавии онҳо хизмат хоҳад кард.

Б.САЪДУЛЛОЕВ,
сарнозири шӯъбаи назорати наслофарӣ дар чорводории ноҳияи Нуробод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ