1541 боғчаи бачагонаи оилавӣ ташкил гардид

Дар натиҷаи ислоҳоте, ки ҳукуматамон барои ривоҷи таълими томактабии вилоят амалӣ мекунад, дар давоми 4 соли гузашта 141 боғчаи бачагонаи давлатӣ, 73 боғчаи бачагонаи хусусӣ, 102 боғчаи бачагонаи шарикии давлатию хусусӣ ва 1541 боғчаи бачагонаи оилавӣ ташкил гардид. Соли 2017 шумораи муассисаҳои таълими томактабӣ 564 ададро ташкил карда бошад, дар соли 2020–2021 Ташкилоти таълими томактабӣ (ТТТ) ташкил карда шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба даври гузашта ба 1857 адад зиёд мебошад.
Аз ҳисоби ҳамин, дараҷаи ба таълими томактабӣ ҷалб намудани фарзандҳоямон дар давоми 4 сол аз 20,9 фоиз ба 63 фоиз баланд шуд.
Дар давоми соли 2020 дар сохтор 40 ташкилоти таълими томактабии давлатӣ, 13 ТТТ ғайридавлатӣ (хусусӣ), 54 ТТТ шарикии давлат-­хусусӣ, 325 ТТТ ғайридавлатии оилавӣ ташкил гардидааст.
Имрӯзҳо дар сохтор 679 ТТТ давлатӣ, 81 ТТТ хусусӣ, 102 ТТТ дар асоси давлат-­хусусӣ фаъолиятдошта, ва дар шакли оилавӣ, ҷамъ 212229 ТТТ фаъолият нишон медиҳад.
Дар вилоят 212229 нафар бачаҳои 3–7-сола (аз 337121 нафар) ба ТТТ ҷалб гаштаанд.
Ба ғайр аз ин, дар соли 2020 дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 9-уми марти 2020 «Дар бораи чораву тадбирҳои ба таълими ибтидоӣ омода кардани бачаҳо, боз ҳам ривоҷдиҳии сохтори таълими яксола» дар 510 гурӯҳ ҷалб кардани 15300 нафар бача ҷалб гардид.
Барои нуқтаҳои аҳолинишини дурдасти ноҳияи Ургут бо лоиҳаи нав бо номи «Ақлвой» 1 автобус таъмин гардид. Ҷамъ 6 гурӯҳ 96 нафар бачаи синни таълими томактабӣ ҷалб карда шуд.
Дар соли 2021 ҳам ҳамин хел 4 адад автобус ба боғчаҳои ноҳия­ҳои Пастдарғам, Нуробод, Ургут ва Қӯшработ дода мешавад.
Дар давоми солҳои 2018–2020 бо Вазорати таълими томактабӣ 138 шартномаи лоиҳаи арзиши умумиаш 319,9 миллиард сӯмина (барои 12940 ҷой) аз инҳо 221,6 миллиард сӯм аз ҳисоби кредити имтиёзнок, 98,3 миллиардс сӯм маблағи тадбиркорон имзо гардид. Дар давоми соли 2020 дар асоси шарикии давлатӣ-­хусусӣ 52 ТТТ дорои 4690 ҷой ташкил гардид. Аз рӯйи боби 12-и қарори таҳти рақами ҚП‑3651-и Президенти мамлакат аз ҳисоби тадбиркорон 6 шартномаи шарикии давлатию хусусӣ маблағи 405 ҷой бо Вазорати таълими томактабӣ ба имзо расида, боғчаҳо бунёд гардиданд.
Дар давоми солҳои 2017–2020 барои беҳсозии ҳолати моддиву техникии ТТТ‑ҳо 390,3 миллиард сӯм ҷудо гардидааст.
Дар доираи барномаи инвеститсия дар соли 2020 барои корҳои сох­тмонию таъмиркунии 47 ТТТ‑и давлатӣ 143,0 миллиард сӯм ҷудо гардидаст. Аз инҳо корҳои сохтмониву таъмири ТТТ (41-то 1 сохтмони нав ва 40 реконструксия) пурра иҷро гардиданд.
Имрӯзҳо барои ба истифода супурдани объектҳои мазкур далолатномаҳои ҳайати қабули давлатӣ расмӣ гардонида шуд.
Дар соҳаи таълими томактабии вилоят аз рӯйи тайёрибинӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон, таъмини сифати таълиму тарбия, пурқувват кардани таркиби кадрҳои педагогӣ, ривоҷи соҳаи акт, захира кардани хӯрокворӣ корҳои зиёд бурда шудааст.

Ҷамшеди АСРОР.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ