Ҳаргиз наравад ёди ӯ аз хотири айём

Ӯ кӯҳи илм буд, ки бархост аз ҷаҳон,
Бе кӯҳ кай қарор пазирад бинои хок.

Дареғ, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос, ки мо 95-солагии солрӯзи Ислом Зоҳидович Зокировро ҷашн мегирему ёде аз хидматҳои мондании ин бузургвор мекунем ва дар пойи рӯҳаш саҷда меоварем, ӯ ҳамроҳи мо нест. Ӯ аз ҳалқаи донишмандони бунёдгузор ва номоварони тибби навини кишвар буд, ки бо фурӯтанӣ, камиддаоӣ, парҳез аз шӯҳратталабиву зоҳирнамоӣ зист ва умри бобаракаташро сарфи хидмати мардум кард. Афсӯс, ки гуле рафт ба хок, баҳоре пажмурд, диле рафт аз даст, чароғе хомӯш гардид.
Эй хок бар сари фалак, чаро нагуфт,
К‑ин чашмаи ҳаёт масозед ҷойи хок.

Вале он чӣ боиси тасаллӣ ва сарфарозӣ аст, хидматҳои ӯ барои мардум, пайванди ногусастаниаш бо ҷомеъа, ҷонфидоиҳояш дар соҳаи тандурустӣ ва пизишкдармонӣ аст, ки ном ва корашро зинда хоҳад дошт. Бо таваҷҷӯҳ ба мақоми инсонӣ ва касбию маънавии Ислом Зоҳидович лозим медонам чанд нуктаро таъкид кунам.
Аз таҷриба медонем, ки чӣ дар замони Шӯравӣ, чӣ баъд меъёрҳои одаму одамгариро на ҳама қадр мекарданд. Вале барои Ислом Зоҳидович одамият ҷойгоҳи хос ва ивазнашавандае дошт. Касе, ки боре бо ӯ рӯ ба рӯ шудааст, эҳтиёҷашро пеши ӯ бурдааст, аз одамигарӣ ва ахлоқи волои инсонияш ҳеҷ гоҳ фармӯш немекунад. Ӯ марде буд, ки тамоми хусусиёт ва заруриёти як нафар табиб, донишманди пизишкдармониро дар худ ҷамъ карда ва зиёда аз ин, инсони хеле нек буд ва маҳз ҳамин фазилаташ маҳбубияташро дар байни мардум меафзуд. Ба ин далел, ҳарчанд умри бобаракате дид ва ин боиси ифтихор аст, вале чун ӯ одаме ҳар миқдор зиндагӣ кунад, боз кам ва рафтанаш боиси таассуфу ҷояш холӣ аст. Бахусус вақте эҳтиёҷ шуморо пеши касе мебарад, ки аз сарҳади одамият, мазҳаби касбият хеле дур аст, ӯ ва ӯ баринҳо ёд меоянд.
Муҳаббат маҳсули кардаҳои ин ё он шахс аст ва муҳаббат ба ин гуна шахс реша дар қалб дорад. Маросими ҷанозаи ин донишманди фақид ёдам меояд: ширкати ҷамъияти арзанда, ки дар ҷаноза ҳозир буданд, масъалаҳои дигареро ба ёд меоварад, ки боз ҳам ба масъалаи одамият ва шинохти инсон ишора мекунад. Ба ҳар ҳол рӯзи дафни ӯ онҳоеро сари турбаташ дидам, ки бо хости дил, самимияту ихлос ба видояш омада буданд. Ба видоъи шахсе, ки мардиву одамгариаш вақфи хидмати мардум шуда ва умре ёвари некхоҳи халқ будааст. Аз нигоҳ ва авзои рӯҳии онҳое, ки дар пойи тобути ӯ буданд ва то манзили охират ҳамроҳияш карданд, мазмуни зерро дарёфтам, ки шоир гуфтааст:
Эй азизе, ки дар ҳама аҳвол
Ҷони ман дӯстет хор надошт.
Теғи мардонагет занг назад,
Гули мардонагет хор надошт.
Мотами рӯзгор доштаам,
Ки дигар чун ту рӯзгор надошт.

Ин марди бузургвор ҳам азамате эҳтиромангез дошт. Имрӯз вақте эҳтиёҷ моро назди ину он масъул мебарад, аввалин чизе ки дилро ранҷ медиҳад, муносибати сард ва беэътиноӣ мебошад. Ҳатто гоҳо табибонеро дучор мешавем, ки бе муойинаи саҳеҳ варақ-­варақ дорухат менависанд. Дар матни ин гиру дорҳо ӯйи азиз ёд меояд. Онҳое, ки аз зиндагӣ ва фаъолияти ин марди дониш ва табиби содиқ огоҳанд, медонанд, ки ӯ ба ивази мероси боғанои илмию дастурӣ, таҷрибаи судмандеро ба мерос гузошт, ки баъд аз сари соҳибаш низ қобили истифода аст.
Дар давоми умри бобаракат ин донишманди фақид ба масъалаҳое таваҷҷӯҳ кардааст, ки дар маҷмӯъ ба ҳифзи сиҳатии мардум ва генофони миллат марбут мешаванд. Дар ин равиш ҷустуҷӯҳои назарии ӯ ба воситаи таҷриба амалӣ гардида, барои ислоҳоти куллии соҳа чи дар замони Шӯравӣ, чи баъд-­дар даври истиқлолияти мамлакат барои рушди соҳа имконоти воқеӣ ба вуҷуд оварданд.
Бо гузашти солҳо вақте осори таълифкардаашро варақгардон мекунем, мебинем, ки ӯ ҳамеша дар ғами сиҳатии мардум будааст. Дар синни ҷавонӣ, ки ҳамагӣ бисту панҷ сол дошт, таҳти раҳбарии донишмандони соҳа Е. Акопян ва Е. Иоффе-­Голубчик ба таҳқиқи яке аз масъалаҳои душвори соҳаи тандурустӣ-­таъсири табларза ба ҳомиладорӣ, таваллуд ва даври баъди он машғул шудан, дар ин замина ҳимоя кардани рисолаи номзадӣ гувоҳи ҷасорат ва собитқадамиаш дар роҳи ҳифзи арзишҳои касбӣ ва садоқаташ дар хидмат ба мардум аст.
Ин марди фидокор дар зиндагӣ ва фаъолиятҳои огоҳонааш ба масъалаҳои бунёдии соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳ кардааст, ки ба сиҳатии миллат ва ояндаи он таҳдид дош­таанд. Дар ин равиш таҳқиқоти ҷомеъи ӯ таҳти раҳбарии И. Мӯсобоев ва А. Персианинова, ки доир ба масъалаи алоқамандии бемории Боткин (гепатити вирусӣ) ва ҳомиладорӣ анҷом гирифтааст, далели ояндабинӣ ва ғамхори халқу ватан будани ӯст. Ин тадқиқот, ки баъди анҷоми он унвони доктори илм гирифтааст, ба мушкилоти ҳифзи насли солим ва идомати авлод марбут буда, арзиши дастурҳои назариву амалии он бо гузашти замон коҳиш наёфта, балки афзудааст.
Дар ибтидои фаъолияти олимию табибиаш дар матбуоти даврӣ доир ба дастовардҳои илмии ӯ бисёр навиштаанд. Аз ҷумла, ҳанӯз соли 1966 дар маҷаллаи «Sjviet Uzbekiston today» ва рӯзномаи «Правда Востока» мақолаи Я. Бакман «Кашмакаш бо бемории Боткин» чоп шуда буд, ки аз кашфиёти ин донишманд ва усулҳои дармони бемории музмин ва домангири занони ҳомиладор ҷомеаро хабардор намуд. Ин кашфиёт ва таҷрибаи ӯ ба воситаи ин мақола ва нашри он дар матбуоти дунё дар байни мутахассисон ҳамовозии гарм ва пайравӣ ба таҷрибаи ӯро ба миён овард, ки сабаби шӯҳрати худаш низ гардид.
Ин таҷрибаи судманд сабаб шуд, ки бо ташаббуси бевоситаи И. Зокиров дар назди бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Самарқанд шуъбаи махсус ва муҷаҳҳаз барои ҳомиладорон бо вируси гепатит таъсис ёфт, ки шогирдони мактаби ӯ то ба имрӯз доир ба омӯзиши мушкили гепатити вирусии ҳомиладорон тадқиқот анҷом медиҳад.
Тавоноии касбӣ, кордонӣ, нируи тамомнопазир, дақиқкорӣ, устуворӣ дар анҷоми ҳадафҳои дар миёнбуда ва муттаҳид карда тавонистани коллектив аз хусусиятҳои хоси инсонӣ ва касбии ин донишманд ва омили аслии пешрафти соҳа дар замони фаъолиятҳои босамари ӯ мебошад. И. Зокиров тамоми дониш ва таҷрибаи кориашро барои такмили ҷараёни табобати беморон ва таҳсили босамари донишҷӯён сарф карда, дар роҳи омода кардани мутахассисони касбӣ, кормандони илмӣ, омӯзгорони соҳа, ки таҷрибаи ӯро идома мебахшанд, хидмати бузургеро анҷом додааст. Зери роҳбарии бевоситаи ӯ ҳашт нафар рисолаи докторӣ ва шаст нафар номзадиро дифоъ кардаанд, ки идомабахши кору пайкори ӯст.
Ӯ аз нафарони истисноии тибби имрӯзаи кишвар аст, ки барои ҳифзи генофони насли солим ва идомабахшии авлод хидмати бузургеро анҷом дода, ба ин васила дар зиёд шудани аҳолии мамлакат ҳисса гузоштааст. Даҳҳо нафаронеро медонам, ки маҳз баъд аз табобати ӯ соҳиби фарзанд шудаанд. Дар давоми солҳо ҳеҷ вақт фаъолияти амалию назарии ин донишманд аз ҳам ҷудо набудааст. Аз солҳои шастум сар карда, бо ёрии шогирдону ҳамкоронаш ба василаи муоинаи тиббию генетикии сокинони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ роҳро барои ташхис ва табобати амрози мухталифи вобаста ба ҳомиладориву таваллуд ҳамвор карда, дар замина ба кашф ва табобати усулҳои нави муолиҷаи беморони ҳомиладор даст ёфт, ки имрӯз дар Қомусҳо ва Фарҳангҳои тиббӣ ба номи ӯ сабт шуда ва дар тибби амалӣ истифода мешаванд.
И. Зокиров аз бунёдгузорони мактаби табобати беморони ҳомила бо гепатити вирусӣ буда, имрӯз дар ин замина метавон ӯро ҳамчун соҳибмактаб ном бурд, ки баъди сари ӯ шогирдонаш ин мактабро ҳамчунон барҷо нигоҳ доштаву давом дода истодаанд.
Хидматҳои ин марди шарифро ҳукумати мамлакат аз аввал то ба охир қадр кардааст. Ҳанӯз соли 1980 ӯ сазовори унвони фахри Корманди шоистаи илми Ӯзбекистон гардида, мақоми узви ҳақиқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба даст овард ва сазовори унвони Академикӣ гардид. Ин ҳама натиҷаи эътирофи хидматҳои садоқатмандонаи олим ва табиб, бунёдгузори мактаби акушерии Самарқанд дар пешрафти илми тиб мебошад, ки берун аз ҳудуди Ӯзбекистон низ эътироф шудааст.
Тадқиқотҳои илмии ин донишманд дар ҷумҳурӣ ва берун аз он борҳо ба чоп расида, то имрӯз арзиши назарию амалии худро аз даст надодаанд ва ҳамчун китоби рӯйи мизии насли ҷавони акушер-­гинекологҳо хидмат мекунанд. Ин донишманди зиндаёд муаллифи 240 кори илмӣ буда, арзиши назариву амалии бештарини ин тадқиқотҳо ҳанӯз ҳам барҷост. Қисмате аз тадқиқотҳои «Сирояти дохили батн» (Ленинград, 1963) ва «Раҳнамои бисёрҷилда оид ба акушериву генекология» (Москва, 1968) ба қалами ӯ тааллуқ дошта, ҳанӯз мавриди истифодаи мутахассисони соҳа қарор доранд.
Дар замони Шӯравӣ фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва табибии И. Зокировро ба эътибор гирифта, ӯро муовини раиси ҷамъияти Умумииттифоқии акушер-­гинекологҳо интихоб карда буданд. Вай узви Шӯрои илмӣ дар назди Президиуми АИТ ва Шӯрои маслиҳатии назди Вазорати тандурустии ИҶШС, муҳаррири бахши Қомуси бузурги тиббӣ, узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Акушерство и гинекология» буд.
И. Зокиров аз соли 1986 узви Федератсияи байналхалқии акушер-­гинекологҳо ва аз соли 1988 узви ассотсиатсияи Аврупоии акушер-­гинекологҳо ва аз соли 1997 узви ҳамин созмони байналхалқӣ мебошад. Вай дар як қатор ҳамоишҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар конгрессҳои байналмилалии Сингапур, Япония (ду бор), Иолоти Муттаҳидаи Амрико, Руминия, Венгрия, Полша, Германия, Москва, дар конференсия ва семинарҳои (ТУТ ВОЗ) дар Туркия, Австрия ва ҷамоҳири собиқи шӯравӣ иштирок кардааст.
Соли 1974 ба ӯ муяссар шуд, ки дар асоси супориши Вазорати тандурустии Ӯзбекистон ва иҷозати КДИТ (ГКНТ) ИҶСШ дар шаҳри Тошкент ИИТ НИИ) Акушериву гинекологро таъсис диҳад ва асос гузорад, ки то ба имрӯз бо муваффақият фаъолият дорад. Дар солҳои 1980 ва 1983 дар сатҳи умумииттифоқӣ бо иштироки ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ дар Самарқанд симпозиум доир гардида, натиҷаҳои он зери назари И. Зокиров ба нашр расидааст.
И. Зокиров раиси Садорати ҷамъияти Ӯзбекистони акушер-­гинекологҳо интихоб шуда, ҳамчунин узви ҳайати таҳририяи «Маҷаллаи тиббии Ӯзбекистон», узви ҳайати таҳририяи қомуси оммавии тиббӣ ва нашриёти «Медитсина»-и Ҷумҳурии вақти сотсиалистии Ӯзбекистон таъин гардида буд.
Фаъолиятҳои назарию амалии ин донишманд дар тӯли солҳо ба он равона карда шуда буд, ки роҳҳои пешгирӣ ва табобатро ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд муайян карда, ба ин васила зуҳури ин гуна бемориҳоро кам ва пеши маргу мирро бигирад. Ин таҷрибаи амалии ӯ барои мамлакат имрӯз низ арзиши дараҷаи аввал дошта, он бояд ҳаматарафа омӯхта ва мавриди истифода қарор гирад.
Яке аз хидматҳои муҳими академик И. Зокиров дар соли 1997 дар Самарқанд таъсис додани маҷаллаи илмии амалии «Вестник врача обшей практики» буд, ки зери назари ӯ чоп мешуд ва ин маҷалла то имрӯз доираи муаллифон ва хонандагони худро васеъ карда, барои ҳамаи табибон, олимон ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳҳои ҷумҳурии мо фоида меоварад.
Ин донишманди фақид на фақат дар Ӯзбекис­тон, балки дар дигар мамолики ИДМ ва берун аз он мутахассиси эътирофшудаи соҳаҳои афзалиятноки тиб буд ва натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои илмии ӯву шогирдонаш ба талаботи илми имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Шогирдон ва пайравони ӯ на фақат табиб, балки раҳбар ва омӯзгорони кафедраҳои Донишгоҳҳои Ӯзбекистон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва ташкилотчиёни соҳаи тандурустӣ мебошанд.
Касе, ки як бор суханронии ӯро дар донишгоҳ, маҷлис ва ё маъракае шунидааст, асири ҳусни сухани ӯ, андешаи расо ва созандааш боқӣ хоҳад монд. Бинобар ин ҳам миёни донишҷӯён эътибори хос дошт. Онҳо гирифтори ҳусни амал ва кирдори ӯ буданд. Ин мартабаро харида намешавад, азизон. Саъю талоши ӯ ба он равона мегашт, ки ҳамсӯҳбаташ, хоҳ донишҷӯ бошаду хоҳ каси дигар, аз гуфтаҳояш ба манфиати худ чизеро баргирад. Вай, ки ҳунари волои касбӣ дошт, таълимро тарзе ба роҳ монда буд, ки ба талаботи вақт ва донишҷӯён ҷавоб дода тавонад. Яке аз омилҳое, ки бештарини шогирдони ӯро дар кор ва ҷустуҷӯҳои амалӣ муваффақ кардааст, ҳамин аст. Донишҷӯён маҳз барои самимияти инсонӣ, дастрасӣ, серталабӣ, ақлу дониши раҳнамо ва нирӯи азими ақливу амалӣ мафтуни ӯ буданд.
Серталабии ӯ нисбат ба атрофиёнаш бо муҳаббати самимии иннсонияш даромехта буд. Агар ин сифатҳо ва фазилатҳоро намедошт, дар ин қадар солҳо, ки ба фаъолияти табибӣ, илмӣ- тадқиқотӣ ва таълимию тарбиявӣ машғул буд, муҳаббати шогирдон, ҳамкорон ва онҳоеро, ки бо ӯ робита доштанд, ба даст намеовард.
Ҳудуд ва миқёси интишори муҳаббати ӯ ба шогирдон ва атрофиёнаш ҳеҷ гоҳ маҳдудияти замонию маконӣ ва ҷуғрофиёӣ надошт ва ба ин далел муҳаббати шогирдону атрофиён ҳам ба ӯ арзанда буд. Ин иқбол ба ҳар кас даст намедиҳад. Ҳар касе, ки ба ӯ муроҷиат карда бошад, сазовори муҳаббат ва шафқаташ гардидааст.
Ҳоло сарнавишти нафаре аз деҳаи Вешканди ноҳияи Айнии Тоҷикистон ба ёдам расид. Вай Ҷумъаи Дӯст ном дошт, шеърҳои хуб ҳам менавишт, вале синнаш аз чиҳил гузашта буду фарзанд надошт. Ҳатто ҳидояти падарро, ки мегуфт «ҷудо шаву зани дигар гир, дарахт бояд мева диҳад» ба эътибор нагирифт ва бо раҳнамоии дӯстон ба қабули академик расид. Табобат карданд. Фарзанд ёфт. Номашро домулло гузоштанд- Умед. Агар ӯ-­шодравон бар асари як садамаи мудҳиш ҳамроҳи бародарбузургаш ва чаҳор фарзанду ҳамсараш ҳалок намешуд, шояд коре карда ба ин маҳфил меовардамаш.
Ин лавҳа шояд яке аз ҳазорон бошад. Хидматҳои ин мард бо он чӣ мо гуфтему мегӯем маҳдуд намешавад, фаротар аз ин аст. Зеро ӯ умри азизашро сарфи саодати инсон кард. Саодати инсон маҳдудият надорад. Аз насл ба насл мегузарад. Ба туфайли ҷонфидоиҳои ҳамин гуна инсонҳои фидокору собитқадам. Ба ин далел, идомати наслҳо идомати зиндагии академик И. Зокиров буда, ному кори ӯро дар фаросӯйи таърих зинда медорад. Дар фароварди ин гуфтор дуо мекунам:
Бод шахсатро нисор аз ҳомили арзи вуҷуд,
Бод рӯҳатро салом аз хозини доруссалом.

Ҷумъа ҲАМРОҲ,
мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС, доктори илмҳои филологӣ, профессор.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ