Чилла кай медарояд?

Дар овони наврасӣ аз бобокалони худ дар бораи фарорасии чиллаи зимистон нақлҳои ҷолиб шунидаем. Аз ҷумла, мегуфтанд, ки «пеш аз чилла ҳилла мешавад, баъд аз он чилла медарояд ва баъди чилла боз ҳиллаи зимистон сар мешавад». Дар ҳақиқат, имрӯз вақте ки аз касе «чилла чист?» гуён мепурсем, ҷавоби дурусту саҳеҳеро гирифта наметавонем. Аксари мардум ба таври аниқ ва дуруст намедонанд, ки чӣ вакт чилла медарояду он кай мебарояд. Вақте ки ҳаво каме хунук мешавад, баъзе касон асли онро надониста мегўянд, ки чилла даромад. Дар асоси солшумории ниёгонамон, яъне дар асоси солшумории ҳиҷрии шамсӣ эътидоли баҳоронаю тобистона ва тирамоҳию зимистона ба назар гирифта мешавад. Санаи 20-ум ё 21-уми март шабу рўз баробар мешавад. Дар ин рўз иди Наврўзро васеъ ҷашн мегиранд. Мутобиқи солшумории шамсӣ ин сана рўзи якуми баҳор ҳисобида мешавад. Дар байни халқ чунин мақоле роиҷ аст, ки дар вақти Наврўз хоҳ шаб гардию хоҳ рўз. Фасли баҳор 90 рўз идома меёбад, сипас фасли тобистон ворид мегардад. Фасли зимистон бошад, мувофиқи ин солшуморӣ санаи 21-уми декабр шурӯъ мешавад ва аз ин сана то 21-уми март давом меёбад. Ин муддат 90 рўзро дар бар мегирад. Барои муайян кардани чиллаи зимистон, одатан аз санаи 22-юми декабр, яъне оғози зимистон то 15-уми январ 25 рўз партофта мешавад. Баъдан, аз 16-уми январ чил рӯз шуморида мешавад, ки ба 24-уми феврал рост меояд ва боқимонда 25 рӯз низ ба ҳисоби фасли зимистон зам карда мешавад. Мардум чил рўзи мобайниро, ки аз 16-уми январ то 24-уми феврал идома меёбад, чилла мегӯянд ва 25 рўзи аввал ва 25 рўзи охириро ҳилла гӯянд. Зеро дар ҳилла гоҳо ҳаво хунук ва гоҳо гарм мешавад, яъне ҳаво гӯё ҳиллагар мешавад.
Чиллаи тобистон ҳам ба мисоли чиллаи зимистон ҳисоб карда мешавад. Он 40 рўзи мобайнии фасли тобистон аст. Фасли тобистон тибқи солшумории гузаштагонамон аз рўзи дарозтарини сол, яъне аз санаи 22-юми июн шурӯъ мешаваду то санаи 22 ё 23-юми сентябр идома меёбад. Ба мисоли болоӣ 40 рўзи мобайнии онро гиред, пас чиллаи тобистонро муайян кардан мумкин аст. Одатан, дар байни халқ ду фаслро дорои чилла мехисобанд, яъне чиллаи зимистон ва чиллаи тобистон. Агар мо гардиши офтоб, эътидоли баҳоронаю тирамоҳӣ ва саршавии рўзи дарозтарину шаби дарозтаринро дониста гирем, пас фаҳмидани рўзҳои чилла осон мешавад. Ин як формулаи оддӣ аст, ки ба хотир доштани он осон мебошад. Санаи 20 ё 21-уми март шабу рӯз баробар мешавад, ки ин оғози фасли баҳор аст. 22-юми июн бошад, рўзи дарозтарини сол мешавад, ки он оғози моҳи саратон ва саршавии тобис­тон ба шумор меравад. Санаи 22-юми сентябр бошад, эътидоли тобистонаи офтоб мешавад, боз шабу рўз баробар мегардад, ки он оғози фасли тирамоҳ аст. 22-юми декабр бошад, шаби дарозтарини сол медарояд, ки онро оғозшавии фасли зимистон ҳисоб мекунанд.

АБДУҚАҲҲОРЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ