Анор ранги рухсораро некӯ менамояд


Анор — ин самар навъҳои гуногун дорад: ширин, майхуш, турш. Мизоҷи анори ширин умуман сард дар дараҷаи дувум ва дар якум тар аст. Мизоҷи пӯсташ сард ва хушк аст, бисёр қабзиятовар мебошад. Беҳтарини самари анори ширин бузургдона ва шодоби он аст. Хислатҳои шифобахши он: агар бихӯранд, ғизоияташ кам, вале аз он хуни солим пайдо мешавад, боднок аст.
Узвҳои баданро аз моддаҳои зарарнок пок мегардонад, гиреҳҳои мавҷударо мекушояд, дарунро мулоим мекунад, пешобро меронад, ташна мегардонад. Агар инро баъд аз таом бихӯранд, таомро зуд аз меъда фуруд меоварад. Инчунин хӯрдани ин рӯҳи табииро, ки маконаш ҷигар аст, соф ва дурахшон мегардонад, худи ҷигарро қувват мебахшад; барои истисқои обӣ, сустии ҷигар, зардпарвин, бемориҳои сипурз, дилтапак (дилбозӣ), дарди узвҳои даруни сина, сурфаи гарм дору мешавад, овозро соф ва равшан мекунад, баданро фарбеҳ мегардонад; қӯтур ва хоришро дафъ месозад, ранги рухсораро некӯ менамояд.
Вале ин анори ширинро аз ҳад зиёд бихӯранд, ғизоро вайрон ва мурдор мекунад, меъдаро заиф мегардонад; азбаски ин боднок аст, масомҳои пӯстро дағал мегардонад, инчунин барои одамони табгирифта зарар дорад. Дар ин маврид барои ислоҳи ин анори турш бояд бихӯранд. Ва агар ба одамони сардмизоҷ зарар кунад, занҷабил бихӯранд, зиёнаш ислоҳ меёбад.
Оби анори ширинро дар об ҷӯшонида, ғафс гардонида бошанд, инро рубби анори ширин мегӯянд. Рубби онро бихӯранд, назар ба оби он қавитар аст. Вале хӯрдани ин ҳам меъдаро суст мегардонад — дар ин ҳолат барои ислоҳи зиёнаш мустако бояд хӯрд.
Мизоҷи анори майхуш (туршу ширин) дар сардӣ ва тарӣ моил ба эътидол аст. Дар дигар ҷиҳат монанди анори ширин мебошад. Вале дар таскин додани ҷӯшиши сафро ва ҷӯшиши хун аз он қавитар аст ва барои одамони сафровимизоҷ назар ба анори ширин ва турш форамтар мебошад. Хислатҳои шифобахши он: оби анори майхушро, ки бо ҷирмҳои дарунаш фишурда гирифта бошанд, аз 150 то 300 грамм бо 70 грамм шакари нав биёшоманд, барои дафъ кардани моддаи сафро бо исҳол ва қувват бахшидан ба меъда даво мебошад; табҳои сафровӣ, зардпарвин, қӯтур ва хоришро дафъ мекунад — дар ин хислат монанди ҳалилаи зард аст.
Чун оби анори майхушро дар зарфи мис ба қивом оваранду бимоланд, барои шилпуқӣ, қӯтур ва қавӣ гардонидани чашм давои хубест, инчунин ҷароҳатҳои кӯҳна ва хабисаро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад. Мизоҷи анори турш дар дараҷаи дувум сард ва хушк аст.
Хислатҳои шифобахши он: инро бихӯранд, дарунро сахт мекунад; тафс, гармии меъда ва ҷигарро таскин медиҳад; ҷӯшиш ва фишори баланди хун ва сафроро паст мегардонад ва ба меъда рехта шудани моддаҳои зарарнокро манъ мекунад, пешобро меронад, намегузорад, ки бухорҳои зарарнок аз поёнии бадан ба майна бароянд ва дуднокии онҳоро дафъ месозад. Хумор, қай ва дилтапак (дилбозӣ)-ро ба ибро меоварад.
Аз китоби «Канзи шифо»

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ