Озарбойҷон рӯзи 18 январ ваксиназаниро оғоз мекунад


Рӯзи 18 январ дар Озарбойҷон ваксиназании умумӣ оғоз мешавад.
Бино ба хабари ТАСС, нахуст кормандони тиббӣ, дар марҳилаи дувумӣ пиронсолон (боло аз синни 65) бар зидди коронавирус эм мешаванд.
Озарбойҷон дар ин ҷараён аз ваксинаи CoronaVac истифода мебарад, ки он истеҳсоли ширкати чинии Sinovac Biotech мебошад. Ҳукумат ба ин ширкат барои 4 миллион доза ваксина супориш додааст.
Ба гуфтаи Теймур Мусаев, намояндаи вазорати тандурустии Озарбойҷон, ваксина дар Туркия озмоиш шудааст.
Ёдовар мешавем, маҳдудиятҳои карантинӣ дар Озарбойҷон то 1 апрел дароз шуд.
Шумори мубталоёни коронавирус дар ин кишвар беш аз 226,5 ҳазор аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ