Бори аввал дар 15 сол дар Фаластин интихоботи раисҷумҳурӣ барпо мешавад


Дар 15 соли охир аввалин бор дар Фаластин интихоботи раисҷумҳурӣ ва порлумонӣ баргузор мешавад. Дар ин бора «Korrespondent.net» ба нақл аз Маҳмуд Аббос, раисҷумҳури Фаластин хабар дод.
Гуфта мешавад, ки Маҳмуд Аббос дар бораи оғози ҷараёни интихоботии демократикӣ дастур додааст.
Бино ба хабари Reuters, Маҳмуд Аббос мехоҳад бо ин роҳ кашмакашиҳои чандинсолаи дохилиро барҳам занад.
Ёдовар мешавем, Фаластин ва Исроил соли гузашта дар бораи дубора роҳандозӣ кардани робитаҳо тавофуқ карда буданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ