ШОҲИ МАЗҲАКАНИГОРОНИ СИНАМОИ БЕОВОЗ

Агар шумо имрӯз нахандидаед, пас рӯзатон ба ҳадар рафтааст.
Чарли ЧАПЛИН
Синамои беовоз имрӯз дар осорхонаи таърих нуҳуфта бошад ҳам, образҳои нотакрори офаридаҳои онро ҳатто кӯдакон мешиносанд. Сэр Чарлз Спенсер (Чарли) Чаплин барои аз фарш то арши синамо расидан 75 сол пайваста ранҷ бурдааст. Ва дар ин роҳи ниҳоят тӯлонӣ бозёфтҳои эҷодияш дар мураккабтарин жанри синамо – мазҳака барои пайравони дирӯзаю имрӯза чун қуллаи дастнорас мондаанду мемонанд.
Бачагии Чарли дар зулмоти фақирӣ гузашт. Падар тарки оила карду Чарлию додараш ночор ба мактаби ятимон рафтанд. Фурӯшандаи рӯзнома, дастёр дар матбаа, ёвари табиб аз ҷумлаи корҳое буданд, ки Чаплин мекард, аммо дилпур буд, ки рӯзе метавонад бо истифода аз ҳунараш ном ёбад.
Нақши аввалинашро дар театр дар 14 – солагӣ гирифт, ки қосид Билли дар намоишномаи «Шерлок Холмс» буд. Он вақт Чарли савод надошт ва метарсид, ки аз ӯ хоҳиши чанд сатрро баланд хондан мекунанд. Матни нақшро бо ёрии додараш азёд намуд.
23 сентябри соли 1913 Чаплин бо ширкати синамои «Кистоун» созишнома имзо кард бо $ 150 маош. Ҳамагӣ пас аз чор сол бо студияи «First National Pictures» ба 1 миллион доллар созишнома баст ва он замон гароннархтарин ҳунарманд дар таърих гашт.
Аммо миллионери нав то дер ҳуҷраи фақиронаи меҳмонхонаро тарк накард. Соли 1922 рӯзномафурӯши дирӯза ҳавлии боҳашамате дар Беверли – Хиллс сохт, ки 40 ҳуҷра, арғунун ва толори синамо дошт.
Соли 1928 Чаплин барои маҳорати актёрӣ, коргардонӣ ва продюссерӣ дар филми «Сирк» бо ҷоизаи махсуси Оскар қадр шуд. Оскари аввалинро барои «Беҳтарин нақши мардона» дар филми «Диктатори бузург» соли 1941 гирифт. Пас аз ҳафт сол бори дигар сазовори ҷоизаи Оскар гашт – барои беҳтарин филнома («Ҷаноби Верду»).
Соли 1972 ба Чарли Чаплини 82 – сола «барои саҳми беназир дар он ки дар ин аср синамо ба санъат бадал гашт» Оскари ифтихориро супурданд. Аҳли толор ба ифтихори мазҳаканигори бузург 12 дақиқа ба по хеста чапак зад. Дар тӯли карйераи худ Чаплин дар 82 филм ҳунарнамоӣ карда, соҳиби қариб $ 10,5 миллион шудааст. Соли 1999 Академияи санъати синамои Амрико дар феҳристи 100 ситораи синамо дар 100 сол Чарли Чаплинро дар сатри даҳум ҷой додааст.

Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ