Санаи баргузории Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ та-йир ёфт

Шӯрои олимпии Осиё эълон кард, ки 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист аз 21 то 30 майи соли 2021 дар Бангкоки Тайланд баргузор шаванд, мавқуф гузошта шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон хабар медиҳад, Шӯрои олимпии Осиё 14 январ бо пахши як изҳорот зикр намуд, ки вазъи ҷаҳонии пандемияи COVID-19, маҳдудияти сафар ба бисёр кишварҳо ва санадҳои соҳаи тандурустӣ дар саросари ҷаҳон сабаби гирифтани чунин тасмим шуд.
Аз ин рӯ 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 10 то 20 марти соли 2022 ба нақша гирифта шуд.
Тасмими мазкурро Шӯрои олимпии Осиё пас аз муҳокимаи амиқ бо Кумитаи миллии олимпии Тайланд ва Кумитаи тадорукоти 6-умин Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба манфиатҳои ҳама кумитаҳои миллии олимпӣ, таъмини амният ва саломатии варзишгарону иштирокчиён гирифтааст.
Ин дуюмин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонист, ки ба таъхир гузошта мешавад. Қаблан бо қарори Шӯрои олимпии Осиё 6-умин Бозиҳои соҳилии Осиё, ки бояд моҳи март дар Санйаи Чин доир мегардид, ба вақти номуайян ба таъхир гузошта шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ