Дар Сурхондарё истеҳсолкунандаи пули қалбакиро боздошт карданд


Кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва идораи мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ дар пайи як амалиёти махсус дар Сурхондарё касеро боздошт карданд, ки пули қалбакӣ истеҳсол карда буд. Дар ин бора “Дарё” хабар дод.
Гуфта мешавад, ки як ҷавони 25-солаи ноҳияи Тирмиз барои истеҳсоли пули сохта дар яке аз биноҳои бисёрошёни шаҳри Тирмиз хонаеро иҷора гирифтаст.
Кормандони амниятӣ дар ин хона ноутбуки Acer, принтери рангии Epson, 12 ҳазор дона пули қалбакии 10-ҳазор сӯмӣ ба арзиши умумии 2 920 000 сӯмро кашф ва мусодира карданд.
Дар ин маври парвандаи ҷиноӣ боз шуд, тафтишот идома дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ