Ҳабиб барои бозгашт ба UFC шарти худро маълум кард


Дана Уайт, раиси UFC, ки чанде пеш бо Ҳабиб Нурмагомедов дар бораи бозгашти ӯ ба октагон музокираеро анҷом дода буд, натиҷаи музокираро эълон кард.
Ба гуфтаи Дана Уайт, Ҳабиб Нурмагомедов шарти худро барои бозгашт ба ӯ гуфтааст.
Бозгашти қаҳрамони UFC ба мусобиқаи UFC-257 вобаста аст. Ӯ дар ин мусобиқа рақобати Конор Поре ва Чендлер Ҳукерро тамошо хоҳад кард. Агар ин рақобат ба Ҳабиб ангезаи бозгаштро диҳад, ӯ розӣ аст, ки чунин кунад.
Дана Уайт гуфт, “Айнан онҳо бояд рақобатеро ба по кунанд, ки боиси бозгашти Ҳабиб шавад. Дар чунин сурат Ҳабиб 30-вумин рақобати худро баргузор хоҳад кард”.
Ёдовар мешавем, Ҳабиб Нурмагомедов рӯзи 24 соли 2020 дар Абу Дабӣ Ҷастин Гэтҷиро мағлуб кард ва ба фаъолияти худ хотима бахшид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ