Дар Украина хидматрасонӣ ба забони русӣ манъ шуд


Аз 16 январ дар Украина меъёри қонунии “Дар бораи таъмини истифодаи забони украинӣ ҳамчун забони давлатӣ” ба иҷро даромад.
Бар асоси он, акнун дар ҳамагуна хидматрасониҳо дар қаламрави Украина бояд танҳо забони украинӣ истифода шавад.
Ҳангоми хидматрасонӣ танҳо бо дархости муштарӣ истифодаи забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ мумкин аст.
Ҳамчунин, дар сурате, ки хидматрасониҳо ба забони русианд, шаҳрвандон метавонанд шикоят кунанд. Касоне, ки ба ин меъёр риоя намекунанд, ҷарима хоҳанд супурд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ