Шумори қурбониёни заминларза дар Индонезия ба 78 нафар расид


Шумори қурбониёни заминларза дар вилояти Сулавесии Ғарбии Индонезия ба 78 нафар расид. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Kompas хабар дод.
Бино ба ин хабар, шумори умумии қурбониён дар ноҳияи Мамуҷа то 67 нафар, дар ноҳияи Маҷен то 11 нафар афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин, 844 нафар дар ин офати табиӣ захмҳои гуногун гирифтанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 14 январ дар Сулавесии Ғарбӣ заминларза ба шиддати 6,2 дараҷа рух дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ