Дар 13 сол беш аз 40 миллион ҳектор ҷангалзорро нобуд кардем


Тӯли солҳои 2004-2017 беш аз 40 милилон ҳектор ҷангалзори рӯи замин несту нобуд шуд. Дар ҳисоботи Бунёди ҷаҳонии табиати ваҳшӣ чунин маълумот омадааст.
Ҷангалзороне, ки дар ин 13 сол нобуд шуданд, баробар бо қаламрави Парагвай ва Ироқ, ё ду баробари майдони Белорус аст. Дар Бразилия, Парагвай, Аргентина, Малайзия, Индонезия ва Мадагаскар нобудсозии ҷангалзорон бо суръати нисбатан болотар идома дорад.
Ба гуфтаи мутахассисон, 10 дарсади дарахтбуриҳо барои таъмини эҳтиёҷи кишварҳои аврупоӣ ба маҳсулотҳое мисли равғани палма, каучук, чарм, кофе, соя анҷом меёбад.
Чанде пеш Созмони милали муттаҳид хабар дода буд, ки дар 30 соли охир тақрибан 420 миллион ҳектор ҷангалзор нобуд шуд, Вале, суръати дарахтбурӣ сол ба сол коҳиш меёбад. Беш нисфи ҷангалзорони ҷаҳон дар панҷ кишвари ҷаҳон – Русия, Бразилия, Канада, ИМА ва Чин ҷойгир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ