Навалний ба Русия баргашт ва боздошт шуд


Александр Навалний, ки баъди муолиҷа чандин моҳро дар Олмон сипарӣ кард, дубора ба Русия баргашт. Бино ба хабарҳои расонаҳо, кормандони пулиси Русия ӯро дар фурӯдгоҳи Шереметево боздошт карданд.
Ҳангоми боздошти Навалний сабаби онро тавзеҳ надоданд. Вале, дертар марказ матбуотии Хадамоти федералии иҷрои ҷазоҳои Русия маълум кард, ки Навалний чандин бор қоидаҳои муддати озмоиширо шикастааст ва ӯро аз 29 декабри соли 2020 ҷустуҷӯ мекарданд.
Тақдири баъдии Навалнийро додгоҳ (суд) муайян хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, Навалний рӯзи 20 августи соли 2020 ҳангоми парвоз аз Томск ба Маскав бетоб шуд. Ӯро фаврӣ дар бемористони Омск бистарӣ карданд. Навалний барои идомаи муолиҷа ба Олмон рафт. Шифокорони Олмон баъди муоинаи тиббӣ гуфтанд, ки Навалний заҳролуд шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ