Раисҷумҳури Ӯзбекистон шифокорони Новосибирскро бо нишони “Меҳр-саховат” сарфароз кард


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишварамон се нафар корманди тиббии вилояти Новосибирски Русияро бо нишони “Меҳр-саховат” сарфароз кард. Дар ин бора Регнум ба нақл аз ҳокимияти Новосибирск хабар дод.
Анатолий Юданов, саршифокори бемористони вилоятии Новосибирск, Александр Чернявский, мудири пажӯҳишгоҳи тиббии миллии Русия ва профессор Валерий Похоренко, доктори улуми тиб ва шифокори шоистаи Русия нишони “Меҳр-саховат”-ро дарёфт карданд.
Юсуф Кобулҷонов, сарконсули Ӯзбекистон дар Новосибирск нишонҳоро ба соҳибонаш супурд.
Гуфта мешавад, ки ин се нафар барои мардонагӣ ҳангоми пандемия, вазъияти фавқулодда ва офатҳои табиӣ, барои дастгирии эҳтиёҷмандон ва фаъолияти хайриявӣ аз номи раисҷумҳури Ӯзбекистон бо нишони “Меҳр-саховат” сарафроз мегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ