Олимон: Соли 2050 ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад

Тибқи иттилои МедиаПоток, қобилияти ҷазб намудани газҳое, ки инсон ба фазо мепартояд, дар зарфи 20 сол ду маротиба коҳиш меёбад ва бинобар ин, дар тӯли 30 сол ҳарорати Замин метавонад ба ҳадди буҳронӣ бирасад.
Олимони Донишгоҳи Аризонаи Шимолӣ, Маркази тадқиқоти иқлими Вудвелл ва Донишгоҳи Вайкато (Зеландияи Нав) маълумоти дар 20 соли охир дар биомаҳои калони Замин ҷамъоваришударо таҳлил карданд. Онҳо марзи ҳароратро муайян карданд, ки убур аз он фалокатбор хоҳад буд. Олимон мутмаинанд, ки дар қадами аввал чунин биомаҳои калон, аз қабили ҷангалҳои тропикӣ дар Амазония ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, тайга дар Россия ва Канада аз гармшавии саросарӣ зарар мебинанд. Растаниҳо ва дарахтон дигар наметавонанд миқдори карбонро дар фазои Замин танзим намоянд.
Ин таҳқиқот дар зоти худ аввалин аст. Қаблан чунин озмоишҳо танҳо дар шароити лабораторӣ гузаронида мешуданд. Пештар MediaPotok хабар дода буд, ки гармшавии сартосариро манъ кардан мумкин нест, ҳатто агар тамоми партобҳои гази карбон комилан қатъ карда шаванд.

khovar.tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ